Вазири роҳ ва мухобироти Тоҷикистон расман баста шудани бархе аз сомонаҳо аз сӯи интернетрасонҳоро таъйид кард.
Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, вақте сухан дар бораи амнияти кишвар меравад, мақомоти таъмини бехатарӣ ҳуқуқ доранд дар як муддати муайян маҳдудиятҳо гузоранд.
Вай мегӯяд, он маҳдудиятҳое, ки барои бархе сомонаҳо ҷорӣ шуд, ба хотири маҳз таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба ҳангоми амалиётҳои муҳим буд.
“Системаи иттилоотӣ хусусияти амниятӣ дорад. Таъсири манфӣ ҳам дорад, дар бархе маворид ҳамчун яроқ низ метавонад истифода шавад. Аз ин хотир, як муддат маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва ҳоло ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, балки пурра бартараф шудаанд”,-афзуд ӯ.
Дар пайи ноамниҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон, даргириҳои нерӯҳои давлат бо нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ дар Камароб ва кушта шудани 28 сарбози вазорати дифоъ фаъолияти як идда аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла «Тоҷнюс» ва «Авеста» масдуд шуданд.
Мақомот дар он шабу рӯз гуфта буданд, ки ин масдудшавӣ бар асоси мушкили фаннӣ аст, ки бартараф карда хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва баъзе нашрияҳо рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис доданд.
Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо гирифта шуда ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон арзёбӣ мешуд. Ин кумита дар оғози соли ҷорӣ, баъд аз он ки, ба гуфтаи муассисонаш, рисолати худро ба иҷро расонд, барҳам дода шуд.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2286385.html