«Азия-Плюс»-ро боз ба додгоҳ кашиданд

Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Нашрияи «Азия-Плюс» мегӯяд, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, Анвар Тағоймуродов, бо норизоятӣ аз матлаби «Тафтиш ё инквизитсия?» («Следствие или инквизиция?»), ки моҳи декабри соли гузашта дар ин нашрия чоп шуда буд, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ҷаноби Тағоймуродов дар шикояти худ гуфтааст, «Азия-Плюс» бо нашри ин матлаб шаъну эътибори кории ӯ ва ниҳодашро халалдор кардааст.

«Азия- Плюс» мегӯяд, дар матлаби «Следствие или инквизиция?» истифодаи шиканҷа аз сӯи кормандони раёсати бахши ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва шӯъбаҳои он дар вилояти Суғд матраҳ буд.

Ҷаноби Тағоймуродов ҳамчунин гуфтааст, ки Рамзия Мирзобекова ва дигар хабарнигорон, ки дар бораи таркиши Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта навиштаанд, аз ин амали террористон хабар доштанд ва омилони ин ҳамларо мешинохтанд ва «эҳтимолан бо онҳо робита доштанд.»

Ин барои дуввумин бор аст, ки нашрияи «Азия-Плюс» барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ кашида мешавад.

Дар оғози соли гузаштаи 2010 се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили «Фараж», «Озодагон», «Азия-Плюс»-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо панҷуним миллион сомонӣ товон хоста буданд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ ҳафтаномаи «Миллат»-ро дар нашри матлаби бӯҳтономез муттаҳам дониста, пардохти 1 миллион сомонӣ ҷубронро талаб кардааст.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди ибораи тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноӣ барои мақомоти давлатии ин кишвар баҳонаи хубест, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2288990.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *