Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19 феврали соли ҷорӣ барои журналистони вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб семинар – тренинг дар мавзӯи «Меъёрҳои байналхалқии журналистика ва омодасозии гузоришҳои таҳлилии радиоӣ» мегузаронад.
Максади аз гузаронидани ин тренинг баланд бардоштани сатҳи малакаи радиожурналистони ҷавон ва инъикоси дурусти мавзӯҳои доғ ва нозуки минтақа мебошад. Тренингро муҳаррири радиолоиҳаи IWPR Шаҳодат Соибназарова мегузаронад.
Ҳамчунин барои донишҷӯёни курсҳои болоии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши озодии сухан дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон» маърӯза карда мешавад. Маърӯзаро Додарбек Сайдалиев, раҳбари Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд», ки бевосита бо рушди сектори шаҳрвандӣ дар минтақа сару кор дорад, мехонад. Созмони ҷамъиатии «Шаҳрванд» ҳамчунин дар самти ҳамоҳангсозии муносибатҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва донорҳо фаъолият мебарад.
Чорабиниҳои мазкур дар доираи ду лоиҳаи IWPR омода шудаанд: «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад.
Источник: