Латукӯб ва таҷовузи журналисти амрикоӣ дар Миср

Хабарнигори шинохтаи ширкати телевизионии амрикоии CBS Лара Логан дар ҷараёни бенизомиҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира латукӯб ва таҷовуз шудааст. — Айни замон Логани 39-сола дар бемористони ИМА бистарист,- хабар медиҳад ВВС.

Ҳамла ба журналист рӯзи 11-уми феврал сурат гирифтааст. Ин замоне будааст, ки муҳофизон ва гурӯҳи наворбардорон дар муҳосира мондаанд. Анбӯҳи мардум, ки беш аз 200 нафар буданд, Лара Логанро аз ҳамкоронаш ҷудо намуданд ва ҳамзамон бо латукӯб шадидан таҷовуз ҳам кардаанд.

Ҷони Логанро аз хатар гурӯҳи занон аз миёни тазоҳуркунандагон ва наздик ба 20 сарбоз наҷот додаанд. Баъдан ӯ бо ҳамроҳони худ пайваст ва ба Амрико баргашт.
Лара Логан журналисти африқоитабори ИМА буда, солҳои охир дар Афғонистон ва Ироқ фаъолият кардааст.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон мегӯяд дар бенизомиҳои Миср ҳадди ақал 52 журналист гирифтори ҳамла шуданд ва 76 нафарро ҳукуматдорон боздошт намуданд.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11635&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *