Роҳандозии озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз»

[b]Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии интернет, Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» бахшида ба ҷашни Нарвӯзи оламафрӯз озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз»-ро эълон менамоянд. Дар ин бора ба TojNews котиби матбуотии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноилшо Нуралиев хабар дод.[/b]

Ба иттилоои манбаъ, ҳадаф аз озмуни мазкур таҳияи сомонаҳои Интернет бахшида ба Наврӯз баҳри рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи хонандагон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи шабакаи Интернет баҳри рушди таҳсилот, ташвиқоти сомонаҳои беҳтарин ҳамчун муҳити фаъоли омӯзиш ва эҷодкорӣ мебошад.

Дар озмун хонандагон, донишҷӯён, муассисаҳои таълимӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҷои зисташон иштирок карда метавонанд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва сарпарастон — ҶДММ «Вавилон-Т», ҶСП «Tcell» бо мукофотҳои арзишнок сарфароз мегарданд.

Ба гуфтаи манбаъ, озмун аз 15-уми феврал то 15-уми марти соли 2011 идома ёфта, 19-уми марти соли 2011 ҷамъбаст мешавад.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11659&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *