Вуруди тадриҷии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба коргоҳ

[b]Баъди дурии якмоҳа Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода — сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» субҳи имрӯз вориди шабакаи интернет шуд. Дар сӯҳбати басо кӯтоҳ бо TojNews вай аз вазъи саломатияш изҳори хушнудӣ кард, вале гуфт, ки «ҳоло барои фаъолияти корӣ фурсати бештар лозим аст».[/b]

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари шинохта ва рӯзноманигори варзидаи кишвар аввали моҳи феврал каме дуртар аз бинои истиқоматияш мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор гирифт. Зарбу лати афрод ба ҳадде шадид буд, ки ӯро аз пой дарафтонд ва беҳуш кард. Азбаски зарбаҳо асосан ба сари ӯ расида буданд, муддати мадиде лозим омад, ки дар бемористон бистарӣ бошад.

Аксари рӯзномаву маҷаллаҳои чопи рӯзи 10-уми феврал бо акси сару рӯяш докапечи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода интишор ёфта буданд ва кулли таҳлилгароне, ки он замон назарашон аз ҷониби нашрияҳо пурсида шуда буд, латукӯби Сайфуллоҳзодаро марбут ба фаъолияти кории ӯ медонистанд.

Ба андешаи коршиносон, Сайфуллоҳзода чун мунаққиди ҳукумати кунунӣ маълум аст ва шахсиятест, ки дар аксар маврид расонаҳо расман аз суханони ӯ иқтибос меоранд. Ва ҳамин дидгоҳи сиёсӣ метавонист муҷиби ҷабр диданаш гашта бошад.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар ва рӯзноманигор Ҳошим Холзода, ба ҳар ҳол то анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии бозшуда, ки ҳамоно натиҷааш маълум нест, наметавон хулоса баровард, ки ангезаи ин ҳамла чӣ будааст. Вале метавон гуфт, ки ҳамла ба аҳли қалам ин ҳамла ба сухан аст ва то замоне, ки сухан боқист, ин гуна ҳамлаҳо суде барои омилонаш нахоҳад дошт. Сарнавишти мардуми адабпарвар ва тамаддунсози тоҷик гувоҳи ин иддаост.

Ба гуфтаи зиндаёд устод Лоиқ:

[i]Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,
Ҳар кӣ моро мекушад,бо шеърборон зинда бод.[/i]

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12084&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *