[b]Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори нашрияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мавсум ба «Анвори дониш» ва нашрияи шаҳри Кӯлоб мавсум ба “Пажвок” дар назди бинои ин донишгоҳ ба ҳангоми аксбардорӣ аз манзараи буриши дарахт тавассути як корманди донишгоҳ ва сипас як корманди пулис боздошт шуд.[/b]
Вай пас аз истинтоқи понздаҳдақиқаӣ дар дохили сохтмони раёсати донишгоҳ раҳо шудааст.
Баҳриддин Сангмадов мегӯяд, ки ӯро Ватан Сафаров, муъовини раиси донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳангоми иҷрои вазифаи хабарнигориаш, ҳангоми аксбардорӣ «ба ӯ бо лаҳни тунд фармудааст», ки ба утоқи кориаш биояд.
Чун оқои Сангмадов ба кори ҳирфаии худ идома дод, оқои Сафаров аз гиребони ин хабарнигор гирифта ва ӯро бо зӯр ба дохили сохтмони донишгоҳ бурдааст. Дар ин кор ба ӯ яке аз кормандони интизомӣ дар донишгоҳ ҳамроҳ шудааст. Оқои Сангмадов дар ин бора гуфт: «Дар асари зӯроварии онҳо остинҳои куртка ва джемпирам дариданд.»
Оқои Сангмадов афзуд: «Пас аз таҳдиду тундгӯиҳои зиёд боз ду милисаи дигарро ба он ҷо даъват карданд. Чун диданд, ки аз лиҳози қонунӣ маро муттаҳам карда наметавонанд, маро ҷавоб доданд.”
Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳ ва мақомоти дигари ин муассисаи давлатии таълимӣ аз шарҳи ин қазия ба хабарнигорон худдорӣ карданд.
Ба бовари Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси маҳаллӣ ахиран мақомоти Кӯлоб аз фишорҳо ба нашрияҳо дар Душанбе-пойтахт «илҳом гирифтаанд» ва ба ин хотир кӯшиши фишор овардан ба хабарнигорони маҳаллӣ дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.
Аммо барои бори нахуст нест, ки хабарнигорони Кӯлоб мавриди озор ва лату кӯби мақомот қарор мегиранд.
Ба ақидаи оқои Алимӣ фишорҳо нисбати рӯзноманигорони мустақил дар Кӯлоб беш аз ҳар мантақаи дигари Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд: «Соли гузашта на яку ду бор, балки чандин мавриди фишор ва таҳқири журналистон Абдулмӯъмин Шерхонов аз тарафи мақомоти гуногуни маҳаллӣ сурат гирифт. Дар соли соли 2009 ӯ мавриди лату кӯби гурӯҳӣ низ қарор гирифта буд.»
Дар ду соли ахир ҳамчунин аз мавориди фишор ва таъқиби Рустам Наботов, Баҳриддин Сангмадов, Зулайхо Саидова, Сафаралӣ Мирзоев, Абдулмӯъмин Шерхонов, Раҳматалӣ Назриев, Худоёри Валӣ ва худи Ҷумъахон Алимӣ, хабарнигорони маҳаллӣ гузориш шуда буд.
Орзуи Ҳамид
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110308_rm_ah_kulob_journalist.shtml