[b]Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.[/b]
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки милли Тоҷикистон», «Дар бораи амният», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сарфаҷӯии энергия», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои транзитии давлатҳои дохили минтақавӣ баррасӣ шуданд.
— Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, Амир Катаев, Саиди Ёқубзод, Олим Салимзода ва Маҳмадалӣ Ватанов аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади танзими раванди муомилоти қарзӣ, беҳтар намудани фаъолияти ниҳодҳои марбут ба соҳаи энергетика, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва оби ошомиданӣ, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, таъмини озодӣ ва шаффоф будани фаъолиятҳои воситаҳои ахбори омма ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ дар қаламрави мамлакат барои муҳокима ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд,- афзуд манбаъ.
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12892&Itemid=30