[b]Дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷамъбасти чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар муқобили сил баргузор гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.[/b]
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, сарвари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенский, сарвари минтақавии ЮСАИД дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Озмуне, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ барои беҳтарин маводи рӯзноманигорӣ дар мавзӯи инъикоси масоили сил эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Ҷои якум насиби маводҳои зерин гардид:
Рӯзномаи «Минбари халқ», мақолаи «Табобати шакли мутобиқгаштаи сил мӯҳлати тӯлониро мехоҳад» (муаллиф Алиҷон Ҷӯраев), Муассисаи давлатии ТВ «Ҷаҳоннамо», барномаи «Тандурустӣ» (муаллиф Зебунисо Рустамова), Радиои «Ватан», барномаи«Сили мутобиқшуда умедҳои барбодрафта нест» (муаллиф Абдулазизи Восеъ), сомонаи интернетии «Азия плюс» — барои тарғибу ташвиқи ҳамешагии ин мавзӯъ дар сомона (муаллиф Мавҷуда Ҳасанова).
Ҷои дуюмро маводҳои зерин сазовор шуданд:
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», мақолаи «Дар табобати сил ба танаффус роҳ надиҳед!» (муаллиф Сайфиддин Суннатӣ), Муассисаи давлатии ТВ «Сафина», барномаи «Манзари роз» (муаллиф Моҳлиқо Шарифова), Радиои «Садои Душанбе», барномаи «Сили мутобиқгашта» (муаллиф Қудратулло Ғуломов), Агентии миллии иттилоотии «Ховар», барои силсилаи хабару гузоришҳо (муаллиф Кристина Эрлих).
Ҷои сеюм ба нафарони зерин насиб дониста шуд:
Муассисаи давлатии ТВ «Сафина», барномаи «Чӣ бояд кард?» (муаллиф Ситора Ашӯрова), Радиои Тоҷикистон, барномаи «Шифо» (муаллиф Идигули Раҷаб), рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» («Согдийская правда»), «Туберкулёз не передаётся по наследству» (муаллиф Мадина Почоева), рӯзномаи «Ҳаёт» (ВМКБ), мақолаи «Беспечность есть причина всяких болезней» (муаллиф Амон Мардонов).
Ҳамчунин, барои инъикоси ҳамешагӣ ва саривақтии мавзӯи сил дар васоити ахбори омма ва маводу гузоришҳо аз нуқтаҳои доғи минтақа сари ин мавзӯъ ҷоизаи махсуси Барномаи Рушди СММ ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дода шуд.
Ҷоизаи дигари ин барнома таҳти унвони «Ситораи экран» ба мутахассиси силшиносе пешниҳод гардид, кидар кулли барномаҳои телевизион, инчунин сӯҳбатҳои радиову газетаҳо тӯли сол ширкат дошт. Ин ҷоиза насиби Фирӯза Саидова — духтури силшинос гардид.
Ҷоизаи дигар барои омӯзгор — тренере пешниҳод шудааст, ки дар омӯзонидани ин масоил ба рӯзноманигорон саҳми сазовор дорад. Барандаи ин мукофот сарвари иҷроияи мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон-асри XXI» Сафо Сафаров шуд.
— Ин озмун ҳамасола гузаронида мешавад ва мо маводҳои дигари рӯзноманигоронро барои озмуни оянда интизорем,- афзуд манбаъ.
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12952&Itemid=30