Қолабшикании директори телевизиони «Сафина»

[b]Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлат дар нишасти расонаӣ эълон дошт, ки дар дар ноҳияи Ҷиргатол намояндагии телевизиони «Сафина» дар минтақаи Рашт ифтитоҳ ёфт ва минбаъд рӯйдоду воқеоти рӯзмараи панҷ ноҳияи ин минтақа ба тамошобинон сари вақт расонида мешавад. Ӯ дар ин сӯҳбат таъкид кард, ки барномаҳои телевизони «Сафина» қолабӣ набуда, гузоришоти он хеле озод ба роҳ монда шудааст.[/b]

Лутфулло Давлат изҳор намуд, ки ният доранд барномаҳои иттилоотияшонро низ ба гунаи нав пешниҳоди тамошогарон намоянд.

— Барои ба таври нав пешниҳод намудани барномаҳои иттилоотӣ мо аллакай чанд гурӯҳи ҷавононписарону духтаронеро, ки аз конкурс гузаштанд, интихоб намуда, қариб чандин моҳ боз бо онҳо кор бурда истодаем. Мо мехоҳем барномаҳои иттилоотиямонро бо услуби ҳозиразамон пешниҳод намоем, ки як духтару як бача бошанду хеле озод барнома гузаронанд. Ман ҳамчун роҳбари муассиса ҳамеша таъкид мекунам, ки дар ҳама ҳолат бояд шумо рӯҳия ва ҳолати озод дошта бошед, — гуфт ӯ.

Ӯ мегӯяд, ин як замоне буд, ки дар барнома бояд наттоқ хеле ҷиддӣ бошад ва наҷунбад.

— Ман мехоҳам, ки ҳамин қолаб набошаду барнома камтар зиндатар шавад. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар тасдиқи фикри шарике, ки дар паҳлуяш нишастааст, баранда як имо дошта бошад. Ин ҳам як гунаи озод будан дар рафти барнома аст, — афзуд мавсуф.

Лутфулло Давлатов ҳамчунин гуфт, ки барои барномаҳои иттилоотӣ ороиши нав фармоиш додаанд ва худо хоҳад, баъди тақрибан 20 рӯз бо ороиши нав ба намоиш мебароянд.

— Дар идораи мо камтар ноқисиҳо ҳаст. Ҷойе, ки барномаҳои иттилоотӣ бурда мешавад, камтар паст аст. Мо ҳарчанд кофтем, ҷойи муносиб наёфтем. Ман бисёр мехоҳам, ки як ҷойи хубтар барои ин бахш муносиб гардонем, то барномаҳо озодтар бошанд, зеро дар сурати эҳсоси озодиву самимият сухан ба тамошогар хубтар рафта мерасад, — афзуд Лутфулло Давлат.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13481&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *