[b]Судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Нусратуллои Асадулло баррасии баҳси вакили собиқи парлумон Сайвалӣ Нуровро бо роҳбарияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» баъди шунидани назари ҷонибҳо ба субҳи фардо, 27-уми апрели соли 2011, соати 9:00 вогузошт. Ин дар ҳолест, ки дар назар буд дар ин мурофиа суд баъди шунидани сухани охирини айбдоршаванда — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ ҳукми худро содир кунад.[/b]
Мавриди зикр аст, ки то ин замон намояндаи ваколатдор ва адвокати Сайвалӣ Нуров аз суд хоҳиш намудаанд, ки аз сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, ки дар парванда ба сифати ҷавобгар эътироф шудааст, барои роҳ додан ба тӯҳмат ва таҳқир дар хабари ««Депутати авбош»-ро говсуд мекунанд?» («Чархи гардун, № 30, аз 28-уми июли соли 2010») ба маблағи 1000 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима ситонида шавад.
Бояд гуфт дар мурофиаи навбатӣ намояндаи Сайвалӣ Нуров — бародараш Рустам Нуров иштирок дошт, ки аз шарҳи ҳолат ба рӯзноманигорон худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, ҳимоятгари Маҳмадалии Мақсадуллоҳ адвокат Иноят Иноятов мегӯяд:
— Сайвалӣ Нуров ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки роҳбарияти «Чархи гардун» бо модаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Зерҳимояи ман Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ бошанд, норозигии худро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки мақсади нашри маводи мазкур паст задани шаъну шараф ва эътибори Сайвалӣ Нуров набуда, хабари мазкур ба хотири ба хонанда расонидани факти ҳодиса мебошад. Хабар сарлавҳаи саволи дорад ва дар он Сайвалӣ Нуровро авбош ном набурдаанд.
Гуфта мешавад, ки ба суд ҳамчунин мактуби Хазинаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон пешниҳод шудаасту дар он ҳам қайд карда мешавад, ки сарлавҳои саволӣ маънои авбош гуфтанро надорад.
Ба гуфтаи Иноят Иноятов, аз тарафи айбдоркунанда ягон далели боэътимоди содир гардидани ҷиноят пешниҳод карда нашуд ва дар хабари мазкур ягон иттилои бардурӯғ ҳам нашр нагардидааст.
— Мӯҳтарам Сайвалӣ Нуров зерҳимояи маро ба содир кардани ду ҷиноят айбдор кардаанд — якум таҳқир, дуюм тӯҳмат. Яъне, гунаҳкорӣ бо моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар модаи 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки тӯҳмат, яъне дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ мебошад. Аз нишондодҳои Сайвалӣ Нуров ва Маҳмадалӣ Очилдиев маълум шуд, ки пештар онҳо якдигарро намешинохтанд, байни якдигар хусумату бадбинӣ надоштанд. Пас, чӣ тавр одамоне, ки якдигарро намешиносанд, метавонанд нисбати якдигар тӯҳмат ва таҳқир кунанд? Дар чунин сурат, дар ҳолати набудани қасд, инҷо ҷинояте дида намешавад. Моддаи 136, яъне таҳқир, дидаву дониста паст задани шаъну шарафи инсон аст, ки дар маводҳои ин парванда ягон элементи чунин ҷиноят вуҷуд надорад,- мегӯяд Иноят Иноятов.
Гуфтанист, ки даъвои Сайвалӣ Нуров аз болои роҳбарияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» он аст, ки ҳафтанома зимни чопи хабари ««Депутати авбош»-ро говсуд мекунанд?» гӯё нисбати шахсияти ӯ тӯҳмат ва таҳқирро ба кор бурдааст.
Сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалии Мақсадуллоҳ бошад, мегӯяд, ки дар матлаби нашрнамудаи онҳо ягон осори тӯҳмат ва таҳқир нест ва даъво барои вуҷуд доштани таҳқиру тӯҳмат беасос аст. Ӯ мегӯяд:
— Мо аз рӯйи факти ҳодиса, яъне кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайвалӣ Нуров мавод ба чоп расонидем ва инҷо ман ягон хел мавҷудияти тӯҳмат ва таҳқирро намебинам. Албатта инҷо кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як журналист худ мантиқӣ нест ва ин чиз бояд дар доираи қонунҳои шаҳрвандӣ муҳокима мешуд. Ин ки бо айбдоркунии хусусӣ нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, он аслан ҳеҷ иртибот ба парвандаи ҷиноятӣ надорад ва гумон мекунам, ки худ рафти мурофиа мантиқӣ нест.
Дар ҳамин ҳол Маҳмадалии Мақсадуллоҳ мегӯяд, ки «ҳамчун як журналисти тоҷик интизор ҳастам, ки тантанаи адолатро бубинам. То имрӯз ба ин бовар дорам, фардо мебинем, ки чӣ хоҳад шуд».
Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтанома бо С. Нуров аз он маншаъ мегирад, ки Прокуратураи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2010 аз рӯи кирдорҳои экс-депутати парлумон Сайвалӣ Нуров тибқи моддаҳои 237 қ. 2 (авбошӣ), 150 қ. 2 (монеасозӣ ба ҳуқуқҳои интихобкунанда ва кори комиссияи интихоботӣ) ва 112 (дидаву дониста расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20-и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.
Суди ноҳияи Бохтар собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва намояндаи президент дар ноҳияи Вахш Сайвалӣ Нуровро дар авбошӣ муттаҳам донист. Суд пас аз баррасии тӯлонӣ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар) маҳкум кард.
Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13901&Itemid=30