Нархи ҳафтаномаи «Нигоҳ» боло нарафтааст

[b]Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо як муроҷиат ба хонандагони худ изҳор доштааст, ки сарфи назар аз хароҷоти иловагии тайи се ҳафтаи охир ба сари матбуоти мустақили Тоҷикистон омада нархи нашрияро боло набурдааст.[/b]

«Тавре огаҳед, чанде боз як қатор идораҳои нашрияҳои ватанӣ нархи яклухти маҳсулоташонро 15-20 дар сад боло бурданд. Сабаби боло бурдани қимати нусхаҳои нашрияҳо боло рафтани нархи коғаз ва хизматрасонии чопхонаҳо унвон шуд, ки воқеъан ҳам ҷой дошт. Коғази чопӣ дар чанд моҳи ахир то 15 дар сад ва ҳаққи хизматрасонии нашриёт, фарзи мисол, «Шарқи озод» 24 дар сад боло рафт.

Ҳамчунон, ки муносибати ҳукумат ва мувофиқан андозбандии соҳа, шурӯъ аз 1-уми январ тағйир хӯрда, бори бе ин ҳам гарони андозро ба ҳисоби миёна то 40 дар сад афзуд. Дар чунин шароит идораҳои нашрияҳои гуногун бинобар сиёсатҳои молии худ, нархҳои яклухтро зиёд намуданд, ки мутаасcифона боиси то 1,8-2 сомонӣ боло рафтани қимати нусхаҳои нашрияҳо дар фурӯши чакана гашт. Вале идораи нашрияи мустақили «Нигоҳ», ки мутааллиқ ба Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» аст, дар асоси қарори Раёсат нархи нусхаҳои нашрияро то ҳанӯз боло набурдааст ва дар ояндаи наздик бурданӣ ҳам нест», — омадааст дар муроҷиатномаи «Нигоҳ».

Гуфта мешавад, ки қимати як нусхаи «Нигоҳ» дар фурӯши яклухт ҳамоно 1 сомонӣ боқӣ мондааст: «Бояд таъкид кард, ки ин қарор барои мо осон набуд, вале бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ ва маърифатии лоиҳаи «Нигоҳ»-у қобилияти пасти харидории аҳолии кишвар тасмим гирифтем, ки нархи фурӯшро боло набарем».

Ҳамзамон изҳори таассуф карда мешавад, ки сиёсатҳои нархтаъинкунии нашрия аз ҷониби гурӯҳе аз паҳнкунандагон дастгирӣ наёфта, онҳо нусхаҳои «Нигоҳ»-ро бо нархи 1,8-2 сомонӣ мефурӯшанд, ки қобили қабул буда наметавонад.

«Мо меҳнати шарикони худ-паҳнкунандагонро қадр мекунем ва онҳо инро хуб медонанд, вале бо паҳн кардани ин муроҷиатнома мо аз эшон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин соли болоравии бемисли нарху наво аз сиёсатҳои иҷтимоии «Нигоҳ» ва «ИНДЕМ» дастгирӣ намуда, эҳтироми шумо-харидорони мӯҳтарамашонро ба ҷо биёранд ва нусхаҳои нашрияи мову шуморо дар ҳудуди Тоҷикистон на зиёдтар аз 1,5 сомонӣ ва дар ҳудуди Русия на зиёдтар аз 25 рубли русӣ ба фурӯш гузоранд», — хулоса мекунад нашрия.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14077&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *