[b]Агентии сохтмон ва меъморӣ аз кормандони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон талаб кардааст, ки утоқҳои корияшонро холӣ кунанд. Ба изҳори раиси ин Анҷуман Нуриддин Қаршибоев, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот — 3-юми май роҳбари Агентӣ Абдувалӣ Комилов бо чанде аз тобеони худ ба идораи онҳо омада, талаби мазкурро пеш гузоштаанд.[/b]
Вале роҳбари Анҷуман Нуриддин Қаршибоев даъвои раиси Агентии сохтмон ва меъмориро, ки гуфтааст бояд онҳо то рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ утоқҳои кории худро холӣ кунанд, ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо барои истифодаи утоқи иҷораи худ то соли 2013 шартнома дошта, ҳаққи иҷораро ҳам пардохтаанд. Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.
— Онҳо тақозо доранд, ки то 15-уми ҳамин моҳ ин биноро тарк кунем. Вале мо ин корро намекунем. Мо масъалаи буду бошамонро мувофиқи қонун ба роҳ мемонем, ки инро қарори Суди Олии иқтисодӣ маълум мекунад. Чунки мо аз соли 1999 дар ин бино маскан гирифтаем ва мувофиқи тамдиди шартнома то соли 2013 қарордод дорем. Мо вақте ин биноро ба иҷора гирифтем, холиву вайрона буду баъди сӯхтор як ҳолати ногувор дошт. Гап сари ёфтани иҷора дар ҷойи дигар нест. Гап сари он аст, ки мо барои ободии ин бино, ки як саройча буд, маблағи зиёд сарф кардаем. Ин бино дар даҳ соли пеш як бинои холӣ ва вайроншудае буд, ки аз ҳисоби иҷораи созмони мо ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ намуди дигар гирифт. Агентӣ бошад, мехоҳад ба оши тайёр кабудӣ шавад,- мегӯяд ӯ.
Мавриди ёдоварист, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло дар яке аз ошёнаҳои бинои Оҷонсии «Шаҳрофар», дар наздикии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифтааст.
Мушкинисо АСОЗОДА,TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14102&Itemid=28