[b]Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон[/b]
[b]ш. Душанбе, 12 майи соли 2011[/b]
Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) шахсони мансабдор ва маъруфро даъват мекунад, ки ба танқид таҳаммулпазир бошанд ва даъвоҳои судии худро аз болои ВАО ва журналистони мамлакат бозпас гиранд. Тибқи маълумоти анҷуман, ҳоло ҳадди ақал панҷ парванда бо иштироки ВАО ва журналистон дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд.
Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои се нафар судяҳои Суди олӣ — Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, Маҳмадиссо Саидов ва судяи суди шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов аз болои адвокат Солиҷон Ҷӯраев ва газетаҳои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс», ки аллакай ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, аломати хуби устувор гаштани принсипҳои демократии озодии сухан ва ВАО дар ҷумҳурӣ мебошад.
Парвандаи мазкур бо сабаби аз даъвои худ даст кашидани даъвогарон дар асоси моддаҳои 176 ва 225 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ қатъ карда шуд. Тибқи арзёбии коршиносон, иқдоми мазкур ҷавоби даъвогарон ба даъватҳои ҷомеаи журналистӣ ва байналмилалӣ перомуни парвандаи мазкур мебошад. Ин амал ҳаргиз шаъну шараф ва эътибор, инчунин эътибори кории ҳокимияти судиро кам накарда, баръакс, шоҳиди даст кашидани онҳо аз даъвоҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ буда, барои риояи гаштани манфиатҳои ҷомеа равона гардидааст.
Бо вуҷуди он, хабаргузори рӯзномаи «Нури зандагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов қариб шаш моҳ инҷониб дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад. Парвандаи ҷиноятии вай бо аризаи як қатор шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оғоз карда шудааст. Исмоилов бо ҷиноятҳое айбдор карда мешавад, ки онҳоро моддаҳои 135, қисми 2, 136 қисми 2, 189, қисми 2 ва 250 қисми 2 пешбинӣ мекунанд. Даъвогарони парвандаи рӯзномаҳои «Азия-плюс» ва «Чархи гардун» ҳам мансабдорони баландмақом ва шахсони маъруф – собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, ҳоло муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов ва собиқ намояндаи мардумӣ дар парламон Сайвалӣ Нуров мебошанд. Таҳлили мавод гувоҳӣ медиҳад, ки парвандаҳои номбаршуда ва дигар дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва ғайра бо иштироки журналистон ба фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошанд.
Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд, яъне дар воқеъ табдили мафҳумҳои танқид ва тӯҳмат ба амал меояд. Худи қаҳрамонони мақолаҳо, маъмулан, дар даъвоҳояшон на ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо эҳсосоти аз мақолаҳо ҳосилкардаашонро ба асос мегиранд. Коршиносони ҳуқуқии анҷуман дар андешаанд, ки нодида гирифтани меъёрҳои байналмилалӣ ҳангоми баррасӣ гаштани парвандаҳои таҳқиру тӯҳмат ба маҳдуд гаштани озодии сухан, ки яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон шинохта мешавад, боис мегарданд
Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳамчун созмони ҷонибдори меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, зарурати ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар арҷ гузоштани ҳамаи табақаҳои ҷомеаро қайд менамояд. Дар баробари ин, аз ВАО ва журналистони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.
АМВАОМТ ҳамаи шахсони мансабдори давлатиро даъват менамояд, ки ба судяҳои Суди олии ҷумҳурӣ ва судяи суди шаҳри Душанбе, ки аз даъвоҳояшон ба рӯзномаҳо даст кашидаанд, пайравӣ намуда, даъвоҳои худро аз болои матбуоти тоҷик бозпас гиранд.
[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ[/b]
Источник: