Қатъи фаъолияти шӯъбаи русии радиои «Неметская волна»

[b]Шӯъбаи русии радиои «Неметская волна» фаъолияти худро таҳти амвоҷи кӯтоҳ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли равон мутаваққиф хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтар ин радио хабар расид. [/b]

Фаъолияти «Неметская волна» бо забони русӣ ҳанӯз беш аз 50 сол муқаддам — 1-уми августи соли 1962 шурӯъ гардида, аввалин сарчашмаи таъмини халои иттилоотӣ аз ғарб дониста мешуд. Фаъолияти ин радио аз сӯи мақомоти вақти СССР ҳамаҷониба мавриди кӯшиши пӯшонидан қарор мегирифт.

Тавре масъулини ин радио мегӯянд, пахши барномаҳои кӯтоҳмавҷи он ҳамчунин бо забонҳои олмонӣ, форсӣ ва индонезӣ низ мутаввақиф хоҳад шуд. Инчунин, ду баробар кам шудани ҳаҷми барномаҳо бо забони чиниро масъулин дар назар доштаанд.

Ин амалҳои мутаваққиф шудани радио дар пайи як сиёсати ихтисори кормандон сурат гирифта, то имрӯз «Неметская волна» ҳаҷми барномаҳояшро аз 260 соат дар шабонарӯз ба 55 соат поин бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шӯъбаи русии радиои БиБиСи низ фаъолият худро мутаваққиф карда, гузоришҳояшро танҳо аз тариқи интернет роҳандозӣ карда буд.

Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14473&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *