14. Асардуздӣ (плагиат)
Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад.
Меъёри мазкур масъалаҳоро вобаста ба плагиат ё худ асардуздӣ ба танзим даровардаст. Меъёри мазкур характери ҳуқуқӣ дошта, бевосита бо фаъолияти касбии журналистон алоқаманд аст. Плагиат – аз они худ намудани ҳуқуқи муалифии шахси дигар ва ҳамчун асари худ муаррифӣ намудани он, бе розигии муаллиф истифода бурдан ва ҳамчун эҷоди худ нишон додани асари муаллиф мебошад, ки дар натиҷаи он ба ҳуқуқу манфиатҳои муаллиф зарари ҷиддӣ расонида мешавад.
Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ба тариқи пуррра танзим намудаанд. Масъалаи мазкур дар ҳамчунин дар Ахдномаи умумиҷаҳонӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллифӣ” низ танзим карда шудааст. Муаллиф — шахси воқеие мебошад, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии вай офарида шудааст. Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, даҳонӣ, сабти овоз, тасвир ва дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос ифода ёбанд. Ҳуқуқи муаллиф ба асари илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиёт шарт нест. Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки тартиби гирифтани онро қонун муайян кардааст. Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.
Зимнан бояд қайд намуд, ки санадҳои расмӣ, аз ҷумла қонунҳо, рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ, асарҳои эҷодиёти халқ, хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд, объекти ҳуқуқи муаллифӣ буда наметавонанд.
Тибқи талаботи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар чунин шаклҳо сурат гирифта метавонанд: аз ҷумла, бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад, бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо. Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд. Аз тарафи идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист содир намудани яке аз амалҳои дар боло номбаргардида хилофи одоби касбии журналист мебошад.
Дар баробари ин, меъёри мазкур пешбинӣ намудааст, ки журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад. Идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист ба заҳмати зеҳнии ҳамкасбонашон эҳтиром гузошта, заҳмати ҳамкасбонашонро бояд қадр кунанд ва нисбати заҳмати зеҳнию эҷодии ҳамкасбонашон ягон намуд беэҳтиромӣ зоҳир накунанд. Аз тарафи журналист зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати заҳмати ҳамкасбонашро ҳамчун беэътиноӣ нисбати касби рӯзноманигорӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.
15 Ислоҳи хато
Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.
Меъёри ахлоқии мазкур масъалаҳои вобаста ба ислоҳи хато ҳангоми нашри маводу мақолаҳоро танзим менамояд. Меъёри мазкур ба идораи воситаҳои ахбори омма ва журналистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми роҳ додан ба хато ва ё камбудӣ дар мавриди нашри мавод бояд камбудиро этироф намоянд, баҳри ислоҳ намудани камбудӣ амал кунанд ва кӯшиш намоянд, ки дар фаъолияти минбаъдаи касбиашон ба чунин хато ё камбудӣ роҳ надиҳанд.
Ислоҳи хато яке аз усулҳои муҳими худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буда, барои таъмини мустақилияти касбии онҳо нақши муҳим мебозад. Ислоҳи хато инчунин гувоҳи масъулиятшинос будани воситаи ахбор буда, эътиборашро дар байни хонандагон баланд мебардорад, зеро ислоҳи хато хонандагонро гумроҳ намесозад.
Ислоҳи хаторо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳҳои интишор кардани тасҳеҳ, эзоҳ, нашри такрории мавод, эълони ислоҳи хатогии техникӣ, нашри ҷавоб, раддия ва ғайраҳо ба амал баровардан мумкин аст. Эътироф намудан ва ислоҳ кардани хато на танҳо ба зиммаи идораи воситаи ахбори омма вогузор карда шудааст, балки ин ӯҳдадории бевоситаи журналисте низ мебошад, ки маводро омода намудааст. Дар мавриди ба миён омадани чунин ҳолатҳо, журналист вазифадор аст, ки дар назди идораи воситаи ахбори омма дар бораи ислоҳи хато масъала гузорад. Ислоҳи хато аз тарафи журналист ва идораи воситаи ахбори омма барои пешгирӣ намудани пеши роҳи баҳсҳои дар оянда ба миёномада мусоидат намуда метавонад.
16 Ҳамраъйии касбӣ
ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.
Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд.
Меъёри мазкур ҳамраъйии касбии журналистонро ҳамчун яке аз усулҳои таъмин намудани иттиҳоди ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ кардааст.
Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва дигар воситаҳои ахбори омма беасос иқдом накунад. Супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоии журналистанд — амру фармон ва супоришҳое мебошанд, ки бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода шуда, ба рисолати касбии журналист мухолифанд ва мувофиқи эътиқоди журналист иҷро намудани онҳо боиси паст гардидани мақому мартабаи касбии журналист дар назди аҳли ҷомеа ё боиси ба миён омадани ягон намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегарданд. Зимнан бояд қайд намуд, ки мавқеи иҷтимоии ҳар як журналист мустақилона муайян буда, хусусияти хоси худро дошта, ифодакунандаи назару андешаи касбии ӯ мебошад.
Журналистон воситаи ахбори оммаро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд. Хусумати шахсӣ – ғараз, қасд ва манфиатҳои шахсие мебошанд, ки характери бадқасдона ва ихтилофангезона дошта, барои қонеъ гардонидани манфиати шахсӣ равона шудаанд. Ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон, пеш аз ҳама паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, хабари иғвоангез ва нашри маводу мақолаҳои барангезанда аст, ки мақсади ниҳоии онҳо ихтилоф андохтан дар байни ҷомеаи журналистон мебошад.
Тибқи талаботи қисми дуюми меъёри мазкур, агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд. Журналист вобаста ба фаъолияти касбиаш метавонад, ки дар ҳар шакл, аз ҷумла дар шакли ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, беасос оғоз намудани парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ба суд пешниҳод намудани аризаи даъвогии беасос, ғайриқонунӣ дастгир кардан ва дар ҳабси пешакӣ гирифтан таъқиб карда шавад. Ҳамчунин таъқиб метавонад, ки дар дигар шаклҳои ғайриҳуқуқӣ низ ба амал бароварда шавад. Дар мавриди бо чунин асосҳо ва ё асосҳои дигар мавриди таъқиб қарор гирифтани журналистон, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ менамоянд. Пуштибонӣ намудани журналист аз тарафи ҳамкасбонро бо ҳама гуна роҳу усулҳои қонунӣ, аз ҷумла бо роҳи пахш намудани изҳороти созмонҳои рӯзноманигорӣ, муроҷиат кардан ба мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ, дар саҳифаҳои матбуот чоп кардани маводи исботкунандаи бегуноҳии журналист ва ғайра ба амал баровардан мумкин аст.
Зимнан бояд ёдрас шавад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ гардидан ба фаъолияти касбии журналист дар модаи 162 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, ки тибқи мазмуни он дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофта ё фош намудани дигар тафсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро махфӣ нигоҳ дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
17 Тартиби амалӣ гардонидани меъёрҳо
Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиат намояд. Тасмими Шӯро дар ВАО нашр мешавад.
Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма мебошад. Шӯрои воситаҳои ахбори омма бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллук доранд, таъсис дода шудааст.
Меъёри мазкур тартиби баррасӣ гардидани ҳолатҳои риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ба танзим даровардааст. Тибқи мазмуни меъёри мазкур ҳар як шахси манфиатдор метавонад, ки ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намояд. Мафҳуми “ҳар як шахси манфиатдор” мазмуни васеъ дошта, тибқи он ҳар як шаҳрванд, шаҳси ҳуқуқӣ, журналист, идораи воситаи ахбори омма, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муасисаҳои ғайридавлатӣ ва дигар ашхос, ки худро тарафи манфиатдори баҳси иттилоотӣ меҳисобад, ҳуқуқи ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намудан дорад. Муроҷиат (шикоят) бояд, ки ҳатман дар шакли хаттӣ мураттаб гашта, дар он ном, насаб, суроғаи шахси муроҷиаткунанда ҳатман нишон дода шуда бошад ва дар он имзои шахс тибқи тартиби муаяншуда гузошта шуда бошад. Муроҷиати хаттӣ якҷоя бо ҳуҷатҳои замимашуда бояд ҳатман дар ҳаҷми ду нусха тартиб дода шуда, ба суроғаи макони ҷойгиршавии Шӯрои воситаҳои ахбори омма оварда, ба Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои воситаҳои ахбори омма супорида шавад. Дар натиҷаи баррасӣ намудани муроҷиат (шикоят), Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиатро қонеъ ё рад менамояд, ё баҳси иттилоотиро бо созиши оштӣ додани тарафҳо анҷом медиҳад. Тасмими Шӯро дар шакли қаррор нашр шуда, он характери тавсиявӣ дорад. Тасмими Шӯро дар яке аз воситаҳои ахбори омма нашр мегардад. Масъалаи дар кадом воситаи ахбори омма нашр гардидани тасмими Шӯро дар қарори ба тариқи дастаҷамъона қабулнамудаи аъзоёни он қайд карда мешавад.
Муаллифон
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ
Соли 1961 таваллуд шудааст. Аз замони мактабхонӣ ба фаъолияти журналистӣ шавқу рағбат пайдо кардааст. Аввалин чакомаҳои қаламаш дар рӯзномаи кӯдакон «Пионери Тоҷикистон» ва рӯзномаи ноҳиявии «Шӯҳрати Ашт» ба табъ мерасиданд, сипас ӯ бо рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамкорӣ мекард. Соли 1984 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кард.
Фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз карда, ба ҳайси мухбир, мудири шӯъба, роҳбари иттиҳодияи эҷодӣ, муовини сармуҳаррир кор кардааст. Баъдтар ба вазифаи муовини директори АМИТ «Ховар» таъин гашт. Моҳи январи соли 1998 агентии иттилоотии хусусии «Интер-пресс-сервис» таъсис дод. Яке аз ташаббускорони таъсис додани Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОТ) буда, раиси он интихоб гашт. Соли 2002 бори дувум ба вазифаи раиси анҷумани мазкур интихоб гашт, соли 2007 бошад бори сеюм ба ҳамин вазифа интихоб шудааст. Дар тӯли 12 соли фаъолияташ роҳбари ягонаи ин созмони бонуфузи рӯзноманигорон мебошад.
Барои рушди воситаҳои ахбори омма фаъолона кор мекунад. Коршиноси шинохтаи соҳаи ВАО аст. Ба фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ, пуштибонӣ аз манфиатҳои ВАО дар мақомоти давлатӣ машғул аст. Иштироккунанда ва созмондиҳандаи конференсияҳои сершумори минтақавӣ дар соҳаи расонаҳои хабарӣ мебошад. Дорои собиқаи ғании фаъолияти тренерӣ, модераторӣ ва фасилитаторӣ аст. Муаллифи беш аз 600 мақола, очерк ва маърӯзаҳои илмӣ аст. Бо унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Узви Шӯрои ВАО ҶТ мебошад.
Иноятов Иноят, адвокат.
Соли 1998 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси фаъолияти ҳуқуқии байналмилалӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1998-2000 дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба сифати муфаттиш ва ёрдамчии прокурори ҳарбӣ кор кардааст. Солҳои 2001-2003 дар Шўъбаи рӯзонаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аспирант таҳсил намудааст. Солҳои 2000-2003 ба сифати ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Созмони байналмиллалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» фаъолият намудааст.
Аз соли 2003 инҷониб ба сифати адвокати мустақил фаъолият дорад. Ба сифати адвокат дар мурофиаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иштирок карда, ҳуқуқҳои якчанд воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва журналистонро ҳимоя намудааст. Муаллифи як қатор мақолаву дастурҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи журналистон мебошад.
Аз соли 2006 инҷониб ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2009 инҷониб узви Шӯрои ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.