Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад

[b]Ҷаласаи навбатии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз баргузор гардид.[/b]

Тавре ба «Озодагон» аз дастгоҳи макрказии Шӯрои мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳо дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО, лоиҳаи «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ вобаста ба қазияи хабарнигор Урунбой Усмонов, аризаҳо барои узвият ба Шӯрои ВАО ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан, раиси Шӯро Зинатуллоҳи Исмоил ва Дабири кулли ин ниҳоди журналистӣ Сангини Гулзод гузориш доданд. Барои баррасии муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ дар ҳайати аъзои Шӯро Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ ва Сангини Гулзод комиссия ташкил дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат ба ин қазия баҳои ахлоқӣ дода хоҳад шуд. Дар баррасии масъалаҳо аъзои Шӯро Нуриддин Қаршибоев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ фаъолона ширкат варзиданд,- афзуд манбаъ.

Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1060-2011-06-25-04-26-38.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *