МУРОҶИАТНОМАИ ИШТИРОКУНАНДАГОНИ «МИЗИ МУДАВВАР»

[b]МУРОҶИАТНОМАИ

иштирокунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[/b]

Мо, журналистон ва ҳуқуқшиносони масоили воситаҳои ахбори омма, иштироккунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» бо мақсади дар мамлакат пойдор гаштани принсипҳои демократия ва волоияти қонун ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоем:

Таҷрибаи даҳ соли охир нишон медиҳад, ки нисбати рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо бо даъво дар хусуси ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ муроҷиат кардан ба як «анъана»-и ғайрирасмӣ мубаддал гардидааст. Махсусан дар солҳои охир пешниҳод намудани аризаҳои даъвогӣ нисбати воситаҳои ахбори омма ва намояндагони он оиди рӯёнидани аз садҳо ҳазор сомонӣ то миллион сомонӣ зиёд шуда истодаанд. Мутаасифона, қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон дар масъалаи тартиби пешниҳоди даъво оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, андозаи боҷи давлатӣ ҳангоми пешниҳоди чунин даъво, андозаи даъво муқаррароти аниқ пешбинӣ накардааст. Ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар бояд талаботи оқилона ва одилона, ҳамчунин вазъи молиявии чавобгар ба эътибор гирифта шавад.

Ба хотири риояи принсипи озодии сухан ва устувории суботи ҷамъиятӣ дар мамлакат мақомоти судиро зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбати журналистон ва ВАО адолати судиро дар мадди аввал қарор дода, ба муфлис гаштани воситаҳои ахбор ва минбаъд баста шудани онҳо роҳ надиҳанд.

Бар замми ин, то имрўз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода нашуда, таҷрибаи судӣ ҷамъбаст карда нашудааст. Муқаррароти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори кории шаҳрвандон ва ташкилотҳо» аз таърихи 4 июни соли 1992 аллакай кўҳна шуда, мухолифи Кодекси гражданӣ ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз нав таҳия карда шавад. Қабули чунин қарор ба судҳо имкон медиҳад, ки дар таҷрибаи баррасии парвандаҳо меъёрҳои ҳуқуқиро дуруст татбиқ намоянд.

[b]Таърихи қабул шудани муроҷиатнома 8 июли соли 2011, ш. Душанбе[/b]

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *