ТАВСИЯҲОИ ИШТИРОКУНАНДАГОНИ «МИЗИ МУДАВВАР»

[b]ТАВСИЯҲОИ

иштирокунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ»[/b]

[i]Журналистон ва ҳуқуқшиносони масоили воситаҳои ахбори омма дар натиҷаи дар «мизи мудаввар» баррасӣ намудани мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» ба хулосае расиданд, ки афзоиш ёфтани қабули қарорҳои судӣ оид ба масъалаи мазкур боиси маҳдуд гаштани озодии ВАО мегарданд. Бо мақсади дар мамлакат пойдор гаштани принсипҳои демократия ва волоияти қонун дар чомеа онҳо тавсияҳои зеринро таҳия намуданд:[/i]

[b]Ба Парламон ва Ҳукумати ҶТ:[/b]

— ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мутобиқи меъёрбайналмилалӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шавад;

— бо роҳи баррасӣ намудани парвандаҳои марбути диффаматсия дар чорчӯбаи истеҳсолоти судии гражданӣ, масоили тӯҳмат ва таҳқир ҷиноят ҳисоб карда нашаванд;

— дар қонунгузорӣ дар бораи ВАО ва Кодекси граждании (КГ) ҶТ меъёрҳоеро пешбинӣ намудан зарур аст, ки тибқи онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони онҳо дар парвандаҳои оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳамчун даъвогар танҳо ҳуқуқи талаб намудани раддия дар бораи иттилои носаҳеҳ дошта, вале ҷуброни зарари моддиро талаб накунанд;

— қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо роҳи тасҳеҳи Қонуни нави матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мукаммал гардонда шавад.

[b]Ба мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ:[/b]

— ҳангоми баррасии парвандаҳо оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбати рўзноманигорон ва идораи воситаи ахбори омма муқаррароти Конститутсияи ҶТ (моддаи 30) оид ба озодии сухан ба асос гирифта шавад;

— меъёрҳои санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, минҷумла, моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар миқёси минтақавӣ Конвенсияи ИДМ «Оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон», татбиқ карда шаванд;

— масъалаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани ҷуброни зиёни маънавӣ мутобиқи талаботи қонун анҷом дода шавад, зеро рӯёндани зиёни маънавӣ аз ҳисоби воситаи ахбори омма озодии суханро маҳдуд сохта, дар натиҷа боиси қатъ гаштани фаъолияти ВАО мегардад;

— бо мақсади пешгирӣ намудани мӯҳлати тӯлонии баҳсҳои судӣ, пеш аз ба истеҳсолоти судӣ қабул кардани аризаи даъвогӣ оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, тибқи банди 4 модди 174 Кодекси гражданӣ, нашр шудан ё нашудани ҷавоб ё раддияи даъвогар муқаррар карда шавад;

— Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори кории шаҳрвандон ва ташкилотҳо» аз таърихи 4 июни соли 1992 бо назардошти татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва тағйир ёфтани қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи судии баррасии парвандаҳо бо чунин даъвоҳо, дар таҳрири нав қабул карда шавад;

— курсҳои тайёр кардани судяҳои тахассуси баррасӣ кардани баҳсҳои иттилоотӣ ва парвандаҳо нисбати журналистон ва ВАО таъсис дода шаванд.

[b]Ба ВАО, журналистон ва созмонҳои воситаҳои ахбори омма:[/b]

— барои журналистон оид ба амиқ омӯхтани меъёрҳои байналмилалии қонунгузории ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ барномаҳои таълимӣ татбиқ намоянд;

— риояи ҳатмии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар ҷараёни фаъолияти иттилоотонии худ таъмин намоянд.

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *