Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ

[b]Дар толори китобхонаи ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки ҷомеаи рӯзноманигории ноҳия ва роҳбарияти Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО иттилоъ доданд.[/b]

Ба иттилои манбаъ, дар ибтидо Дабири кулли Шӯро Сангин Гулов оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ сухан кард.

Сипас раиси Шӯро Зинатулло Исмоилов перомуни Меъёрхои ахлоқӣ ва риояи онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи журналистон гузориш ироа дошт. Таъкид шуд, ки асоси журналистикаи босифат масъулияти баланди журналистон ва риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои онҳост. Маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ имкон медихад, ки қазияҳои соҳа то додгоҳ кашида нашаванд ва механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ масоили баҳсиро дар доираи ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл менамояд.

Зимни сӯҳбати озод бо рӯзноманигорон Раиси Шӯрои ВАО дар мавриди фаъолияти ин мақоми ҷамъиятӣ маълумот дода, ба суолҳои сершумор посух гуфт. Иштироккунандагони ҳамоиш изҳор доштанд, ки бо эътирофи Меъёрҳои ахлоқӣ имкон дорад сифати журналистикаи тоҷик, аз ҷумла нашрияҳои маҳаллӣ боло равад.

Зимни мулоқот оид ба мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ, пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ ва омӯзиши проблемаҳои матбуот ва соири ВАО изҳори назар шуд. Иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрияҳои маҳалливу минтақавӣ пажӯҳишҳо гузаронад ва натиҷаи онҳоро дар воситаҳои ахбор ба нашр расонад ё тавассути мизҳои мудаввар муаррифӣ намояд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки нашрияҳои маҳаллӣ нукоти заъфи фаъолияти худро дар ин самт пайдо намоянд ва бо тавсияҳои Шӯро ба фаъолияти бештару беҳтари худ дар самти риояи одоби касбӣ ноил гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16141&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *