[b]Ҳамойиши омӯзишии навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ин навбат дар ноҳияи Мастчо бо ширкати хабарнигорон сурат пазируфт.[/b]
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари ин ниҳод иттилоъ доданд, нахуст дар ин нишаст дабири кулли шӯро Сангин Гулов оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ сухан кард. Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО, дар мавриди «Меъёрхои ахлоқӣ ва риояи онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи журналистон» гузориш дода, гуфт асоси журналистикаи босифат масъулияти баланди журналистон ва риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои онҳост. Маҳз, риояи меъёрҳои ахлоқӣ имкон медихад, ки қазияҳои соҳа то додгоҳ кашида нашаванд ва механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ масоили баҳсиро дар доираи ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл менамояд.
Манбаъ афзуд, зимнан оид ба мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ, пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ ва омӯзиши проблемаҳои матбуот ва соири ВАО изҳори назар шуд. Иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрияҳои маҳалливу минтақавӣ пажӯҳишҳо гузаронад ва натиҷаи онҳоро дар воситаҳои ахбор ба нашр расонад, ё тавассути мизҳои мудаввар муаррифӣ намояд.
Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1351-2011-07-15-12-30-26.html