[b]Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз таҳдиди Валихон Муллоев ба ду вакили мудофеъ изҳори нигаронӣ кард.[/b]
Весли Робертсон, масъули бахши робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт: «Амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори додгоҳ таҳаммулнопазир аст. Ин ҳодиса бояд таҳқиқ шавад. Мо изҳороти Вазорати умури дохила роҷеъ ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем. Бояд ин гуна таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул карда, ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд ва вобаста ба натоиҷи таҳқиқот чораҳои лозим биандешанд.»
[b]Весли Робертсон дар бораи нигаронии сафорати Амрико[/b]
Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили мудофеи нашрияи «Азия-Плюс», рӯзи 17-уми август эълон карданд, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Валихон Муллоев, як афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, онҳоро ба марг таҳдид кардааст.
Ҳарду ин вакили мудофеъ мегӯянд, Валихон Муллоев таҳдиди худро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд.
Пас аз ин, Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда ва дархост намуданд, ки таҳдиди Валихон Муллоевро ҷиддӣ бигирад.
Ин дар ҳолест, ки Валихон Муллоев пас аз рӯ задани ин мавзӯъ раҳбари Раёсати мубориза бо виноятҳои созмонёфтаи ВКД дар вилояти Хатлон таъйин шуда, ба кори худ шурӯъ кардааст.
Вай дар сӯҳбати чанд рӯзи пешаш бо Радиои Озодӣ, изҳороти ду вакили мудофеи нашрияи «Азия-Плюс»-ро тӯҳмате беш нахонд ва гуфт: «Ин тӯҳмат аст. Чаро ки ман нисбати ин афрод ягон хусумати шахсӣ надорам. Аммо чаро чунин дасисабозӣ мекунанд, намедонам. Агар ман чизе мегуфтам, адвокат Ҷамшед Ғиёсов, ки дар рӯ ба рӯи ман нишаста буд, инро мешнид. Ҳол он ки ман бо ин вакилон рӯ ба рӯ гап назадаам ва ман танҳо дар ҷойи худам нишаста будам. Ин ҳарфҳо беасосанд.»
Валихон Муллоев, собиқ афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло сардори ин раёсат дар вилояти Хатлон, дар баҳси додгоҳии нашрияи «Азия-Плюс» аз Анвар Тағоймуродов , муовини вазири умури дохилӣ, намояндагӣ мекард.
Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ, нашрияи «Азия-Плюс» барои нашри як матлаб ба додгоҳ кашида ва як миллион сомонӣ ғаромат хостааст.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24308647.html