Нишастҳои хабарӣ. Акнун дар шаш моҳ як бор

[b]Нишастҳои хабарии раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳ як бор баргузор хоҳанд шуд.[/b]

Бино ба фармони нави раисиҷумҳури Тоҷикистон акнун нишастҳои хабарии раҳбарони вазоратхонаву кумитаҳои давлатии ин кишвар танҳо дар шаш моҳ як бор баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқов, масъули бахши иттилооти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе аз хабаргузориҳо иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, дар асоси фармони нави раисиҷумҳур нишастҳои хабарии семоҳаи раҳбарони идораҳои давлатӣ, ки тӯли тақрибан шаш соли ахир идома дошт, лағв мешаванд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, раҳбарони идораҳои давлатӣ метавонанд дар сурати ба миён омадани зарурат ва ё шарҳи ягон хабари муҳим нишастҳо баргузор ва ба суоли хабарнигорон посух бигӯянд. Шарҳ дода нашудааст, ки ин тағйир ба чӣ далел пеш омадааст.

Фармони ҷадиди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои мухталифи созмонҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигоронро ба дунбол доштааст. Бархе аз хабарнигорони тоҷик аз лағви нишастҳои хабарии семоҳа, ки ба гуфтаи онҳо, ба маъракаи ҳисоботи раҳбарони идораҳои давлатӣ табдил шуда буд, истиқбол кардаанд.

Вале раҳбарони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин фармон дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоъро боз ҳам маҳдудтар мекунад.

Аз ҷумла, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, гуфт, ҳарчанд нишастҳои хабарии семоҳа навъе ҳисоботи раҳбарони идораҳо буд, бо вуҷуди ин хабарнигорон имкон доштанд, ки ба бахши умдаи пурсишҳо худ аз раҳбарони идораҳо посух дарёфт кунанд.

Иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории нишастҳои хабарии раҳбарони идораҳои давлатиро ҳар се моҳ як бор муқаррар карда буд, аз соли 2005 шурӯъ шуда, як ҳолати нисбатан шаффофи кори ин идораҳоро ба миён оварда буд. Коҳиши боздиди мансабдорони давлат бо хабарнигорон эҳтимол меравад, ин ба коҳиши ин шаффофияти нисбӣ сабаб гардад.

Радио Озоди

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24336248.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *