[b]Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон дар номае аз Президент Раҳмон ба унвони кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон хостаанд, ки раванди муҳокимаи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”-ро таҳти назорат бигирад.[/b]
Дар ин нома, ки рӯзи сешанбеи 4 октябр мунташир шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки дар қиболи оқои Исмоилов асли бароат ва адолати додгоҳӣ риъоят шавад.
Зери ин нома руасои Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ва созмони “Медиа Алянси Тоҷикистон” имзо гузоштаанд.
Ниҳодҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин нома бори дигар аз тақозои намояндаи додситонӣ барои маҳкумияти Маҳмадюсуф Исмоилов ба муддати 14 сол зиндон ибрози нигаронӣ кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, ки ин гуна ҳукми сангин барои фаъолияти хабарнигории оқои Исмоилов таҳдиде ҷиддӣ барои озодии баён дар кишвар маҳсуб мешавад ва ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон, ки роҳи демукросиро дар пеш гирифтааст, латмаи ҷиддӣ хоҳад зад.
Парвандаи ҷиноии оқои Исмоилов аз моҳи майи соли ҷорӣ бад-ин сӯ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Табошари вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, баррасӣ мешавад.
Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», дар моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буд.
Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, ин иддаъоро рад карда ва гуфт, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт шудааст.
Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки ба қавле ба “иззати нафси масъулони давлатии ин ноҳия” расидааст.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ё НАНСМИТ низ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондааст.
Чанде аз созмонҳои бонуфузи мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон дар ҷаҳон низ аз давлати Тоҷикистон қотеъона хостаанд, ки Маҳмадюсуф Исмоиловро озод кунад.
Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳои бонуфузи байналмилалие, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шудаанд, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо посухе надодаанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111004_mm_appeal.shtml