Муҳаммадюсуф Исмоилов: «Маро озод кунед!»

[b]Ҳукми хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз зӯҳри фардо, 14 октябр, эълон хоҳад шуд.[/b]

Аммо субҳи имрӯз сухани охирини оқои Исмоилов дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд шунида шуд, ки ӯ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ худро гунаҳкор намешуморад.

Хабарнигори «Озодӣ» дар Хуҷанд мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба қозии парванда гуфтааст, ки ӯро дар пайи фаъолиятҳои касбияш, яъне хабарнигорӣ боздошт намудаанд ва ӯ бояд сафед ва толори додгоҳ озод шавад.

Хабарнигори «Нури зиндагӣ» афзудааст, матолиби интиқодии худро на барои тӯҳмату таҳқири мақомдорон, балки барои ислоҳи вазъ навишта ва чоп кардааст. Ӯ гуфтааст, чанде аз мақолаҳояш вокунишҳои зиёдеро дар миёни сокинони ноҳияи Ашт ва мақомдорони ин ноҳия ба вуҷуд оварда, ҳатто бархе аз камбудҳо ислоҳи худро ёфта буданд. «Ҳадаф аз ин навиштаҳо танҳо рушди ҷомеа буд»,илова кардааст оқои Исмоилов.

Сухани охирини Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ҳоле шунида шуд, ки намояндаи додситонӣ, ки парвандаи ӯро таҳқиқ намудааст, аз қозии парванда хоста буд, ки ин хабарнигори тоҷикро ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум намояд. Вай ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв гуфт, ин ҳукм ҳадди ақал 14 сол бошад.

Ин дархости додситон вокунишҳои мухталифро дар миёни хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории дохилу хориҷ ба вуҷуд овард. Аксари созмонҳои хабарнигорӣ ин дархости додситонро «берун аз тасаввур» хонданд. Зеро ба бовари онҳо Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо кори хабарнигории худро анҷом додааст ва намешавад барои баёни ҳақиқати ҳол ӯро ба 16 ё 14 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи вакилони мудофеи ин хабарнигори тоҷик, нафари таҳти ҳимояти онҳо ҷурмеро муртакиб нашудааст ва бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамин тавр сафед карда шавад.

Ахиран Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран аз боздошт озод намоянд. Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар баррасӣ намояд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм мавқуф гузошта шуд.

Бархе аз нозирони ин қазия мегӯянд, шояд бо таваҷӯҳ ба нигарониҳои афзуни созмонҳои байнулмилалӣ мақомот назари худро дар мавриди қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов тағйир бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигар интизор меравад рӯзи ҷумъа, 14 октябр, ҳукми хабарнигори бахши узбакии Радиои Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешавад, низ эълон гардад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24358166.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *