Иттиҳодияи Урупо: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуд

[b]Дар Душанбе даври чаҳоруми “Муколамаи ҳуқуқи башар миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон” оғоз шуд.[/b]

Ҳоло ҳайъате аз намояндагони Иттиҳодияи Урупо барои анҷоми гутфугӯ бо мақомоти тоҷик дар ин бора дар Душанбе ба сар мебарад. Ин ҳайъат рӯзи 25 октябр бо намояндагони давлати Тоҷикистон ҷаласае барпо кард.

Дар ин ҷаласа ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони Иттиҳодияи Урупо дар бораи вазъи зиндонҳо ва фаъолияти омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башар, раванди ислоҳоти системи қазоӣ ва вазъи озодии баён дар ин кишвар гузориш доданд.

Рина Кионк, масъули бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Урупо дар умури равобити байналмилалӣ, ки дар ин музокира раёсати ҳайъати Иттиҳодияи Урупоро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки мавзӯъи мавриди нигаронии ин даври музокирот барои онҳо бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Вай дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо чандин мушкили ҳуқуқи башарро бо давлати Тоҷикистон матраҳ кардем ва дунбол мекунем. Яке аз масоили хосси мавриди назари мо вазъи озодии баён аст. Мо ҳоло дар бораи Урунбой Усмонов сӯҳбат доштем. Мо мехоҳем, давлати Тоҷикистон дар бораи мавзеъгирӣ ва иқдомоти баъдии худ дар заминаи ин масъалаи бӯҳронӣ ба мо тавзеҳ бидиҳад.”

Намояндагони Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласаи рӯзи 25 октябр гуфтанд аз ин ки оқои Усмонов равонаи зиндон нашуда, истиқбол мекунанд, вале дар мавриди мунсифона будани ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ тардид доранд.

Аммо Сайфулло Қодиров, масъули раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи Муколамаи ҳуқуқи башари миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон дар бораи озодии баён гузориш медод, нигаронии диплумотҳои урупоиро бепоя хонд.

Вай гуфт дар ҳамаи мавориде, ки рӯзноманигорон, аз ҷумла ва Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ», ба додгоҳ кашида шудаанд, онҳо на ба унвони рӯзноманигор, балки ҳамчун шаҳрвандони ин кишвар дар пеши қонун ҷавоб медиҳанд.

Оқои Қодиров гуфт, ки парвандаҳои онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорияшон марбут набуда ва рафтор ва амалҳои онҳо ба унвони рафтор ва амалҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар додгоҳ арзёбӣ мешавад.

Аммо ҳайъати Иттиҳодияи Урупо дар даври чаҳоруми муколамаи ҳуқуқи башари худ бо Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хост, ки мавориди эҳтимолии шиканҷаи Ӯрунбой Усмонов дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷандро ҷиддан таҳқиқ кунад.

Аз сӯйи дигар, хонуми Кионк таъкид кард, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми муколама бо давлати ин кишвар матраҳ мешавад, хеле нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо мукарраран аз мақомоти тоҷик хостааст, ки муқаррароти марбут ба тавҳин ва таҳқирро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф ё декриминализатсия (ғайриҷиноӣ) кунанд, вале мақомоти тоҷик ин дархостро нодида гирифтаанд.

Вай афзуд: «Мо қаблан ин мавзӯъро, ки “тавҳин” набояд дар чорчӯби қонуни кайфарӣ (кодекси ҷиноӣ) баррасӣ шавад, бо мақомоти тоҷик матраҳ карда будем, аммо сӯҳбатҳои мо натиҷае надод. Мо мебинем, ки вазъият баръакс бӯҳронитар шудааст.»

Тайи ду соли ахир аксари парвандаҳое, ки рӯзноманигорон бар асоси онҳо ба додгоҳҳо кашида шудаанд, ба «тавҳин» ва «латма задан ба шаъну шарафи» мақомҳои давлатӣ марбут будаанд. Додгоҳҳо низ бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳоро ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт водор кардаанд.

Масъулони нашрияҳои мустақил иддаъо мекунанд, ки онҳо ба хотири интишори матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ё он мақоми давлатӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд ва додгоҳҳо дар бештари маворид ба сурати «ғайримустақил» ва «муғризона» парвандаҳоро ба нафъи мақомот ҳал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Қодиров гуфт, бо ин ки вазорати фарҳанг ва додситонии Тоҷикистон — ду ниҳоде, ки салоҳият доранд ба додгоҳ шикоят бурда ва фаъолияти ин ё он нашрия ё расонаро қатъ кунанд, аммо ин вазорат «дар тӯли ду даҳсолаи ахир ҳеҷ гоҳ аз ин салоҳияти худ истифода набурда ва ба додгоҳ шикоят набурдааст.»

Аммо ҳар сол дар Тоҷикистон фаъъолияти нашрияҳои мустақил ва вебсойтҳои хабарӣ ба далоили мухталиф мутаваққиф ва ё қатъ мешаванд, ки дар бештари маворид масъулони расонаҳо фишори мақомотро сабаби ин амр арзёбӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ нашрияҳои мустақилли «Фараж», «Озодагон», «Азия-Plus» ва «Миллат» дар мавориди мухталиф бо муҳокимаҳои додгоҳии тӯлонӣ рӯбарӯ буданд. Созмонҳои байналмилалалӣ ин равандро талоше барои маҳдудсозии озодии баён дар Тоҷикистон хонда буданд.

Вале боздошт ва муҳокимаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд, яке аз пурсарусадотарин қазоёии марбут ба озодии баён дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ будааст.

Вай дар моҳи июни соли ҷорӣ тавассути маъмурони амниятӣ дар Суғд боздошт шуда ва ба доштани иртибот бо тарафдорони Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуд.

Оқои Усмонов пас аз фишорҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар давлати Тоҷикистон пас аз як моҳи боздошт озод шуд, вале дар моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд ӯро ба се сол зиндон маҳкум ва сипас афв кард.

Оқои Усмонов ва Би-би-сӣ пайваста бар бегуноҳии ӯ таъкид карда ва гуфтаанд, ки вай ба хотири фаъъолиятҳои хабарнигорияш ҳадаф қарор гирифтааст.

Ахиран оқои Усмонов аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурдааст. Би-би-сӣ низ аз ин тасмими хабарнигори худ пуштибонӣ карда ва гуфтааст, ки то охир аз хабарнигораш ҳимоят хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111025_sq_humanrights_eu_urunboy.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *