Дуня Миятович дар Тоҷикистон. Баҳси озодии матбуот

[b]Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст.[/b]

Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе мегӯяд, хонум Миятович дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон, бо намояндагони васоити ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

Ҳамчунин, гуфтугӯҳои ӯ бо вакилони порлумон, масъулони вазорати умури хориҷӣ, вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон низ дар назар аст.

Дуня Миятович борҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистони тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” ва Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ садо баланд кардааст. Вай бо пахши чандин изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин ду хабарнигори тоҷикро раҳо ва “сафед” кунанд.

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи гузашта ин ду хабарнигори тоҷикро, ки яке барои таҳқиру туҳмату барангехтани кинаву хусумати милливу мазҳабӣ ва дигаре барои ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир муттаҳам мешуданд, муҷрим шинохт. Аммо бар асоси Қонуни афве, ки дар робита ба ҷашни бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд.

Додгоҳ оқои Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ”-ро, ки тӯли ёздаҳ моҳ дар боздошт ба сар бурдааст, барои пардохти 35 ҳазор сомонӣ ҷарима низ муваззаф карда, аз идомаи фаъолияти рӯзноманигорияш то се соли дигар маҳрум сохт.

Ҳарчанд раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов, ки барои аввалӣ 14 ва барои дуввумӣ 5 соли зиндон таҳдид мекард, мавриди истиқбол қарор гирифт, вале созмонҳои хабарнигорӣ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки ҳарду ин хабарнигорро “сафед” кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, ин ду хабарнигори тоҷик танҳо барои фаъолиятҳои журналистии худ “доғи судӣ” гирифтаанд.

Ахиран Дуня Миятович низ гуфта буд, ки ӯ бесаброна сафараш ба Тоҷикистонро мунтазир аст ва мехоҳад ин масъаларо дар суҳбати рӯ ба рӯ бо мақомоти тоҷик дар миён бигузорад ва барои ҳалли онҳо талош варзад.

Вай аз ҷумла дар изҳороти ахири худ гуфта буд, ки “хабари озодии Маҳмадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмоновро бо қаноатмандӣ пазируфтам, вале он ки рӯзноманигорон барои инъикоси мустақили рӯйдоди барои ҷомеа муҳим маҳкум шудаанд, боиси нигаронӣ аст ва умедворам, ки шикояти овардаи онҳо аз болои ҳукуми додгоҳ муваффақона анҷом мепазирад ва тамоми айбҳои онҳо бекор хоҳад шуд.”

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24379869.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *