[b]Хабарнигори маҳаллии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт — Муҳаммадюсуф Исмоилов ва хабарнигори бахши ӯзбакии «Би-би-си» дар вилояти Суғд — Ӯрунбой Усмонов бо ҳамроҳии вакилони дифоашон аз болои додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва вилоят ба Додгоҳи Олӣ арзу шикоят бурдаанд. Дар ин бора ба TojNews вакилони дифоъ — Муҳаббат Ҷӯраева ва Файзинисо Воҳидова хабар доданд.[/b]
Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили мудофеи Исмоилов — Муҳаббат Ҷӯраева ҳукми додгоҳро аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ бори дигар «адолатона» унвон карда, гуфт, ки барои содир гаштани ҳукми башардӯстонаву боадолатона иштироки намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи байналмиллалӣ, ВАО-и дохиливу бурунмарзӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ низ таъсири бевоситаи хешро гузошта тавонист, чун иллати аслии он ҳамраъйии журналистон буд.
Ҳамзамон, ҷоиз ба қайд аст, ки ҳини озодии Исмоилов дар таърихи 14-уми октябри соли равон вакили ӯ дар сӯҳбат ба TojNews гуфта буд, ки «доир ба ин қазия ба додгоҳи болоӣ арз нахоҳад кард». Аммо бо гузашти наздики як моҳ, Муҳаббат Ҷӯраева дубора мехоҳад доир ба қазияи мазкур шикоёт бубарад: — Нахуст, чун таъкид карда будам, макони баргузории мурофиа, ки воқеъ дар Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/2 (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, моро қаноатманд намесохт, дуюм, сарфи назар аз он, мо бо ҳукми додгоҳ розӣ буда наметавонем, чун зимни ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи додгоҳӣ айби журналист аз рӯйи чаҳор моддаи КҶ ҶТ — 135, 136, 189 ва 250 қисми 1 ва 2, ки ба ӯ пешниҳод гардида буданд, исботи хешро наёфтанд.
Вале сабаби аслии хостори дубора бознигарии ҳукми Исмоилов аз ҷониби додгоҳро вакили дифоъ ба нафақаи ночизи он рабт медиҳад.
«Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳамагӣ 52 сомонӣ нафақа ба даст меорад, пардохти ҷаримаи ба ӯ аз ҷониби додгоҳ таъйиншуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки супоридани он аз ҷониби хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» ғайриимкон аст»,- изҳор дошт Ҷӯраева.
Аммо бояд гуфт, ки агар аз рӯйи нафақаи 52 сомонии бадастмеовардаи Исмоилов ҳисобу китоб намоем, бояд ӯ 35 ҳазор сомониро пас аз 57 сол баргардонад. Вале барои ин Исмоиловро зарур аст, ки нафақаашро ба ҳеҷ куҷо масраф накарда, гушнаву ташна ва ҳамзамон, оилаашро таъмин насохта, онро ҷамъ намояд. Дар ҳоле ки имрӯз он нафақаи Исмоилов, ҳатто, барои худаш ҳам намерасад ва бар замми ин, бо 3 соли маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигорӣ онро пардозад.
Дар робита ба ин, Файзинисо Воҳидова — вакили дифои Ӯрунбой Усмонов афзуд, ки онҳо аз ҳукми баровардаи додгоҳ нисбати Усмонов, ки ба муддати 3 соли зиндонӣ маҳкум намуда, ҳамзамон, бар асоси Қонуни авф ӯро аз иҷрои ҷазо раҳо кардааст, норизо ҳастанд:
— Агарчанде тибқи муқаррароти Қонуни авф зерҳимояам — Ӯрунбой Усмонов аз толори додгоҳ озод шуда бошад ҳам, вале мо аз ин ҳукм, умуман, розӣ нестем. Аслан, мо талаб карда будем, ки бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад, чунки тамоми амали Усмонов ба фаъолияти касбияш вобаста буд.
Ҳамзамон, Воҳидова гуфт, ки агар Додгоҳи Олӣ арзу шикояти Усмоновро қонеъ нагардонад, онҳо маҷбуранд, ки баҳри дарёфти адолат ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд. Ӯрунбой Усмонов низ бар ин назар аст, ки «Мо то ба охир мурофиаро мебарем ва бегуноҳиамро собит месозем. Ва агар нашуд, барои дунболаи дарёфти адолати додгоҳӣ хоҳем буд, ҳатто, то Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бубарем».
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, шикояти кассатсионӣ давоми ду моҳ метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта масъули бахши озодии баёни Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) — Дуня Миятович бо сафари дурӯзааш вориди кишвари Тоҷикистон шуда, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ мулоқот орост.
Яке аз мавзӯъҳои матраҳгардидаи нишасти Дуня Миятович дар пойтахти кишвар доир ба қазияи Ӯрунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов аз сӯйи додгоҳи вилояти Суғд буданд.
Ӯ аз норизоии ин ду хабарнигор аз ҳукми додгоҳ ва аз болои эшон шикоят бурдани онҳо изҳори хушнудӣ намуда, умедвор аст, ки зинаи болоии додгоҳ низ ин ҳукми, ба гуфтаи ӯ, «ноадолатона»-ро лағв созад.
Ҳамзамон, таърихи 5-уми октябри соли равон Дуня Миятович бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дидору гуфтугӯ анҷом дода, мавзӯи сӯҳбат роҷеъ ба озодиҳои матбуотро дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Номбурда аз вазъи озодии баён ва фишор барои хабарнигорон дар кишвари Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, хостори мусоидати мақомоти зидахл бо ВАО шудааст.
Ёдрас мешавем, ки хабарнигори маҳаллии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт — Муҳаммадюсуф Исмоиловро масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд таърихи 23-юми ноябри соли 2010-ум боздошт намуда, тибқи ҳукми додгоҳ аз рӯйи 4 моддаи КҶ ҶТ — тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, инчунин, тамаъҷӯйӣ муҷозот шуда буд.
Ва пас аз деринтизориҳо — 10 моҳу 26 рӯз, шоми 14-уми октябри соли равон, соати 17:15 дақиқа аз «СИЗО»-и шаҳри Хуҷанди Шимоли Тоҷикистон бо ҷаримабандии 52 ҳазор сомонӣ ва бинобар давоми 11 моҳ сипарӣ намудани боздоштгоҳ 17 ҳазору 500 сомонии он коҳиш дода шуда, тибқи ҳукми додгоҳ хабарнигор муваззаф шуд, ки 35 ҳазор сомонӣ ҷарима биспорад ва бар замми ин, бо 3 соли маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигорӣ озод карда шуд.
Дар ҳамон шабу рӯз додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори бахши ӯзбакии «Би-би-си» — Ӯрунбой Усмоновро ба 3 соли зиндонӣ маҳкум намуда, вале дар асоси Қонуни авф ӯро аз иҷрои ҷазо раҳо кардааст. Ӯ таърихи 13-уми июни соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида буд ва пас аз як моҳ номбурда бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар то замони эълони ҳукми додгоҳ озод карда шуд.
Бояд гуфт, ки парвандаи ҷиноии Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии 4 нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуда буд.
Вале дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Бритониё аз озодии Ӯрунбой Усмонов изҳори хушнудӣ карда, лек аз «адолатона будани ҳукми додгоҳ шубҳа дорад».
Ҷамшед МАЪРУФ, TojNews
Источник: