[b]Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони «Азия-Плюс» бо мусолимат анҷом ёфт.[/b]
Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, нашрияро барои мақолае роҷеъ ба шиканҷа ба додгоҳ кашида ва талаб кард, барои зарба ба шаъну шарафи муассисаи ӯ нашрия ва муаллифи матлаб 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ бипардозад.
Ҳоло маълум мешавад, ҷаноби Тағоймуродов аз даъвои худ ва ҳам 1 миллион сомонӣ даст кашидааст. Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи рӯзномаи «Азия-Плюс», ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳанӯз дар моҳи октябр ва бинобар даст кашидани генерал Тағоймуродов аз даъвояш содир шуд ва дар таърихи 10 ноябр ба тасвиб расид. Аммо дар мавриди фарҷоми ин баҳси пурсарусадо бино бар шарти мусоҳила то кунун ҳеҷ расона иттилоъ надодаст.
[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150[/url]
Мирзонабии Холиқзод
Источник: