[b]Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии шикояти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ оғоз намуд.[/b]
Урунбой Усмонов ва вакилони дифои ӯ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, хостори бознигарии ҳукми додгоҳи вилояти Суғд шудаанд, ки оқои Усмоновро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир” муҷрим шинохт.
Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум кард, вале бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв ӯро аз толори додгоҳ озод намуд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ ин ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро “ғайриодилона” медонад ва аз Додгоҳи олӣ хостааст, ки ӯро “сафед” намояд.
Ӯ ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи “Ҳизби Таҳрир”-ро рад карда ва мегӯяд, ки сӯҳбату дидорҳояш бо аъзои “Ҳизби Таҳрир”, на ба маънои ҳамкорӣ ва ё таблиғи ин гурӯҳ, балки дар пайи адои кори хабарнигорияш будааст. Ҳарчанд Би-би-сӣ низ аз раҳоии хабарнигораш истиқбол кард, вале гуфта буд, ки ҳамчунон барои барқарории номи неки Урунбой Усмонов ба унвони хабарнигор ва нависанда талош хоҳад кард.
Дар ин робита Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ, пас аз судури ҳукми додгоҳи вилояти Суғд гуфта буд, ки «мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»
Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятии ин вилоят боздошт шуда, тӯл як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Баъдан, таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд.
Оқои Усмонов дар ҷараёни баҳси парвандааш дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки ҳангоми боздошташ аз сӯи маъмурони амниятии вилоят таҳти фишор ва шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтааст.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24405235.html