[b]Пулиси Маскав ба таҳқиқи ҳамла ба хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло шурӯъ кардааст. Пулис мегӯяд, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд дастгир карда, имрӯз дар бемористон худи хабарнигорро низ бозпурсӣ хоҳад кард.[/b]
Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе бо ду зарби корд, ки якеаш ба ҷигари ӯ асобат кардааст, ба Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский оварда шуд. Баъди ҷарроҳӣ, гуфтаи табибон, хатаре ба ҳаётаи ӯ таҳдид намекунад. Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва 4созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ин ҳамларо шадидан маҳкум карданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120113/538/538.html?id=24450669