[b]Дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд, дар ин мавзӯъ бо иштироки рӯзноманигорон ва намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ибтикори хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва дастгирии IMS семинари омӯзишӣ ба кори худ оғоз кард.[/b]
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов зимни сухани ифтитоҳӣ бо арзи паём аз номи Раиси вилоят аз муҳим будани масъалаҳои марбут ба ҳамкории рӯзноманигорон бо сохторҳои мақомоти давлатии маҳаллӣ андешаҳояшро баён дошта, аз ҷумла гуфт, ки « аз низоми мӯътадил ҷараён доштани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо намояндагони васоити ахбори умум қаноатманд аст». Ҳамзамон ӯ аз вазъи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилию интиқодӣ дар миқёси вилоят изҳори нигаронӣ намуд. Маълум гашт, ки аз 318 маводи танқидии ба табъ расида, ба 217-тои он вокуниш дарҷ гаштаву 66 адад мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба 85 мавод, бахусус ашхоси масъул дар шаҳру навоҳии Панҷакенту Б.Ғафуров, Ашту Мастчоҳ вокуниш анҷом надодаанд.
Дар поёни сухани худ Ҷ.Сангинов рӯзноманигоронро аз таҷлили Иди матбуоти тоҷик ва 100 солагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» санаҳои 9-10 марти соли 2012 дар сатҳи баланд дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят баргузор мегардад, огоҳ намуд.
Доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷонова перомуни нақши ВАО дар инъикоси фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва веҷагиҳои хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ маърӯза кард. Роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар атрофи нишастҳои матбуотӣ, дастовард ва дурнамо афкорашро баён дошта, иштирокчиёнро ба баҳс хонд.
Илҳом Ҷамолов- муовини раиси иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон бобати муаммо ва мушкилоти ҷойдошта бобати қоидаҳои сабти номкунии намояндагони ВАО дар мақомоти давлатӣ, ташкили нишастҳои матбуотӣ маълумот дод. Семинар пагоҳ ҷамъбаст карда мешавад.
Источник: