[b]Масъулони Оҷонси иттилоотии «Азия-Плюс» мегӯянд, дастрасӣ ба сайти ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.[/b]
«Азия-Плюс» хабар дод, ки чанд ширкати дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба news.tj — торнамои ин хабаргузориро масдуд кардаанд. Ин иқдом бар асоси номаи Хадамоти алоқа сурат гирифтааст, ки масдуд кардани ин сайтро «ба далоили фаннӣ ва корҳои профилактикӣ» хоҳиш кардааст. Ин хабарро Парвина Ибодова, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон ҳам таъйид кардааст.
Аммо «Азия-Плюс» мегӯяд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин оҷонсии иттилоотиро аз тасмимаш расман огоҳ накарда буд. Дар ҳоли ҳозир на ҳама ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»-ро қатъ намудаанд.
Хадамоти алоқа дар пайи нашри протоколи пурмоҷарои 32-20 дастрасӣ ба 5 торнамо, аз ҷумла Facebook.com, сомонаи русии Zvezda.ru ва Tjknews.com-ро низ ба «далоили фаннӣ ва зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ» масдуд карда буд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси Хадамоти алоқа, Бек Зуҳуров гуфт, ки маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» тадил додаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.
Ин иқдом танқидҳоеро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои дигари озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба бор овард. Дар посух Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов иқдоми мазкурро ба “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол» ва ҳамчунин нақши давлат дар «ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ” бастагӣ дод.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24611515.html