[b]Сабти номи расонаҳо, механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ, шеваи пешниҳоди иттилои фаврӣ, маблағгузории пинҳонии нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ, манъи обунаи маҷбурӣ ва иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо бояд дар лоиҳаи нави Қонуни матбуот ҳалли худро ёбанд.[/b]
Ин аст тақозои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муаллифони лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот”ва як гурӯҳи корӣ, ки се рӯз боз дар Варзоб ҷамъ омадаанд.
Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, ки аз ташаббускорони ин нишаст ҳам аст, ба TojNews гуфт, ки гурӯҳи корӣ иборат аз 12 нафар паҳлуҳои баҳсбарангези лоиҳаи мазкурро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд ва кӯшиш хоҳанд кард, то интизориҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин лоиҳа бароварда шавад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин тарҳ чӣ интизориҳо дорад?
Мо кӯшиш кардем, зимни сӯҳбат бо чанде аз фаъолон ва дастандаркорони муҳити расонаӣ теъдоде аз пешниҳодотро ҷамъ оварем.
— Матраҳтарин мушкили имрӯзи ВАО-и Тоҷикистон — дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ аст. Қонунгузор барои додани иттилои фаврӣ се рӯзро муқаррар намудааст, аммо механизми иҷро ва ҷавобгарӣ барои рад кардан мушаххас нест. Аз ин рӯ, масъулини ҳукуматӣ ва ҳатто созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон нисбат ба ҷомеаи журналистӣ ва талаботи он беэътиноӣ мекунанд. Бо назардошти рушди технологияи муосир ва талаботи ҷомеа, иттилоъ бояд ба аввалин дархости расона ва ё журналист оҷилан пешниҳод шавад,- мегӯяд котиби масъули нашрияи “Нигоҳ” Эраҷи АМОН.
Ба гуфтаи хабарнигори радиои “Озодӣ” Фахриддини Холбек, дар лоиҳаи қонуни нав бояд механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ ва сабти номи нашрияҳо сода шавад.
— Бесарусомоние, ки ҳоло дар сабти ном ва андозбандии расонаҳои ватанӣ вуҷуд дорад, шояд, дар ҳеҷ кишвари дунё набошад,- меафзояд ҳамсӯҳбати мо.
Аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Рустам Самиев ба ин назар аст, ки дар қонуни нав мафҳуми “маблағгузории пинҳонӣ”-и нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ ҳам бояд мушаххас шавад, то рақобати ошкоро омили пешбари соҳа гардаду таҷрибаи аз тариқи рекламаи созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ намудани нашрияву расонаҳои алоҳида қатъ гардад.
Рустам Маҷидов, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, обунаи иҷборро “проблемаи № 1” медонад: “Дар Тоҷикистон нафаре нест, ки аз обунаи маҷбурӣ ба нашрияву маҷаллаҳои ҳукуматӣ ва ҳизби ҳоким надонад. Ин проблемаи № 1 ва амали ғайриқонунӣ аст, ки ба он аз тариқи қонуни нав хотима бояд гузошт. Бо манъ кардани обунаи иҷборӣ, дар муҳити расонаии кишвар фазои рақобатнок ба вуҷуд омада, боиси рушди нашрияҳои миллӣ мегардад. Ин, дар навбати худ, ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ки заъфи имрӯзи ҷомеаву давлати мост, оварда мерасонад”.
Ин ҳамсӯҳбати мо, ҳамчунин, бар он аст, ки “иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бояд манъ карда шавад, зеро таҷрибаи чанд соли ахир нишон дод, ки масъулини нашрияҳо, ки худ шаҳрвандони кишварҳои хориҷианд ё аллакай аз кишвар рахти сафар бастаанд, ҳар сари чанд вақт ба иғвоҳои матбуотӣ даст мезананд”.
Аксари ҳамсӯҳбатони мо бар он буданд, ки бо назардошти ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва интихоботи президентии соли 2013 ин лоиҳаи қонун барои озодии сухан ва матбуот дар Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд.
Ин буд мухтасари пешниҳодоти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки мо ҷамъ овардем ва ба аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот” пешниҳод хоҳем кард.
Ногуфта намонад, ки ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ 12 нафар: Олим Салимов ва Акрамшо Фелалиев — вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва муаллифони лоиҳаи мазкур Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон аз ҲКТ, Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ, Маҳмудҷон Сараев, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АВАОМТ), Қироншоҳ Шарифзода, раиси Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, намояндаҳои Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузорӣ шомиланд.
Баъд аз баррасӣ ва хулосаи ин гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни нав барои баррасӣ ба Раёсати Маҷлиси намояндагон ва сипас, ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Источник: http://tojnews.org/node/3848