Семинори сухангӯёни муассисоти давлатӣ ва хабарнигорон дар Душанбе

[b]Дар шаҳри Душанбе барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни сухангӯёни расмии давлатӣ ва рӯзноманигон як семинори омӯзишӣ доир шуд.[/b]

Ин семинори дурӯза бар асоси тарҳи вижаи Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикимстон дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷа дар маркази иттилоъотии ин вазорат баргузор шудааст.

Созмони мавсум ба Ҳимояти Байналмилалӣ аз Расонаҳо (International media support) ҳазинаи ин тарҳро пардохтааст. Дар ин нишаст раҳбарони бархе аз расонаҳои давлатӣ ва мустиқилли Тоҷикистон низ ширкат кардаанд.

Дар ин семинори омӯзишӣ беш аз 30 корманди дафотири матбӯъотии вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо расонаҳо барои ироаи иттилоъоти саҳеҳ ба рӯзноманигоронро омӯхтаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил, рӯзи ҷумъаи 28 сентябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар рӯзи дуввуми ин ҳамоиш, ҳуқуқшиносон ва масъулони бархе аз расонаҳо пешниҳодҳои мушаххасеро барои беҳбуди ҳамкориҳои мақомот бо расонаҳо дар заминаи дарёфти иттилоъоти дақиқ ироа кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар меҳвари барномаи омӯзишии ин семинор тақвияти ҳамкориҳо бо расонаҳо ва таҳлили шароити ҳуқуқӣ ва ахлоқии дастрасӣ ба иттилоъот қарор дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт: «Дар семинори омӯзишӣ ҳам кормандони собиқадор ва ҳам ҷавонони муассисаҳои давлатӣ ширкат доштанд. Яке дигар аз аҳдофи баргузории ин нишаст, омӯзиши низоми ваколатдор кардан ва низоми кор бо расонаҳои хабарӣ ба ширкаткунандагон буд, ки дар оянда онҳо тавонанд дар ниҳодҳои хеш ин таҷрубаро роҳандозӣ кунанд.»

Дар ҳоле ки бисёре аз рӯзноманигорон ва масъулони расонаҳои мутақил аз мушкилоти дарёфти иттилоъоти дақиқ аз ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон шикоят мекунанд, оқои Қаршибоев гуфт, ки дар нишасти дурӯзаи омӯзишӣ намояндагони ин ниҳодҳо низ ширкат доштанд.

Вай афзуд, ки бавижа ду ҳодисаи ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаводиси Бадахшон дар моҳи июл ва оташсӯзии бозори «Корвон» дар аввали моҳи сентябр ҳокӣ аз он буд, ки мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот, бахусус аз муассисаҳои давлатӣ вуҷуд дошт.

Бисёре аз соҳибназарон ин давраи омӯзишӣ барои сухангӯёни дафотири матбӯъотии ниҳодҳои давлатиро барои ҳамкориҳои ояндаи онҳо бо хабарнигорон муфид арзёбӣ мекунанд.

Аммо иддае аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба ҳаводиси бархӯрди номатлуби кормандони интизомӣ ва амниятӣ бо хабарнигорон, мегӯянд, ки як давраи омӯзишии ҷудогона барои кормандони амниятӣ ва пулис барои эҳтиром ба озодии баён кумак мекунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/09/120928_zkh_massmedia_official_information.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *