«Сездаҳ дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд»

[b]Кумиссюни Паҳнбонди СММ барои Тавсеъаи Диҷитол дар нахустин гузориши худ дар бораи истифода аз интернети паҳнбонд дар ҷаҳонро мунташир кардааст.[/b]

Ин гузориш омори корбарони интернет дар Тоҷикистонро 13 дарсад аз ҷамъияти кишвар хондааст.

Дар ин пажуҳиш ҳамчунин омадааст, ки дар Қазоқистон 45 дарсад дар Узбакистон 30.2 дарсад дар Қирғизистон 29 дарсад ва дар Афғонистону Туркманистон 5 дарсади мардум аз интернет истифода мебаранд.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки мардумаш аз озодиҳои бештар дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсояаш баҳраманд аст, бино ба ин гузориши ниҳоди СММ ҷамъияти Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа камтарин корбарони интернетӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои фароҳамгари интернетӣ дар Тоҷикистон муддате бо мақомоти зирабти кишвар кашмакашҳои қонунӣ доштанд, ки ба гуфтаи Анҷумани фароҳамгарони интернет дар кишвар барои рушди ин арса латма ворид кард.

Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи молиёти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ширкатҳои фароҳамгари интернет аз онҳо тақозо карда буд, ки молиёти ғайримустақими седарсадиро аз авоили соли гузашта пардохт кунанд.

Ширкатҳои фароҳамгари интернети Тоҷикистон нахуст аз ин тақозои мақомот ба додгоҳ шикоят буданд. Зеро гуфтанд, ки қонуни молиёт ин навъи молиётро танҳо шомили фароҳамгарони телефунҳои мобилӣ хондааст.

Аммо Кумитаи молиёт фароҳамгарони интернетиро низ шомили ин муқаррарот кард.

Дар ниҳоят, ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли ҷорӣ ба пардохтани молиёти “ғайримустақими седарсадӣ” оғоз карданд.

Масъулони Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон ин амрро “шикасти ширкатҳои фароҳамсози интернет дар кишвар” унвон карданд.

Аммо гузориши Кумиссюни Паҳнбонди СММ ба давлатҳои кишварҳои дар ҳоли рушд тавсия додааст, ки молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электруниро коҳиш бидиҳанд.

Бино ба пажуҳиши онҳо ин амр метавонад, ба афзоиши қобили мулоҳиза дар истифодаи интернет дар кишварҳо мунҷар шавад.

Ин гузориш ба унвони мисол аз Шри Ланка ёд мекунад ва ишора мекунад, ки пас аз коҳиши молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электрунӣ дар ин кишвар теъдоди истифодабарандагони интернетиро дар зарфи 18 смоҳ аз 3.5 милюн ба 13 милюн афзоиш додааст.

Ин кумиссюн мегӯяд, ки нақши тавсеъаи истифодаи интернет дар беҳбуди зиндагии мардумони кишварҳои дар ҳоли рушд қобили мулоҳиза аст.

Дар гузориш мехонем: “Интернети паҳнбонд ба зиндагии мардумони кишварҳои ҷаҳон аз роҳи беҳдошти мобилӣ, омӯзиш аз роҳи дур, таҳсили мобилӣ ва пардохтҳои мобилӣ беҳбуд мебахшад.”

Ин гузориш ҳамчунин таъкид кардааст, ки тавсеъаи интернет барои беҳбуди зиндагии занон, афзудани навовариҳо ва касби малакаҳои тоза кумак мекунад.

Бо ин ҳама қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои ҳамсуд болотар аст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, коҳиши нархи интернет танҳо бо коҳиши анвоъи молиёт ва афзоиши теъдоди корбарон имконпазир будааст.

Омори расмӣ дар бораи теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон зиддунақиз будааст. Аммо тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон дар соли 2010 теъдоди корбарони шабакаи интернет дар ин кишвар 850 ҳазор нафар будааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120926_sq_internet.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *