Боз шудани парванда дар қиболи хабарнигор

[b]Додситонии вилояти Суғд ба иттиҳоми нақзи муқаррароти идорӣ алайҳи сардабири телевизиюни «Ҷаҳоноро» дар шаҳри Ғафурови ин вилоят парванда боз кардааст.[/b]

Дар ин замина Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз қавли Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдони Маркази ҳимоят аз расонаҳо ва рӯзноманигорон дар вилояти Суғд, хабар додааст.

Ба гуфтаи хонуми Ҷӯраева, пахши иттилоъ дар бораи оташсӯзӣ дар бахши умдафурӯшии бозори «Корвон» дар шаҳри Душанбе ба чунин вокуниши додситонӣ мунҷар шудааст.

Маҳмудҷон Дадобоев, раиси телевизиюни «Ҷаҳоноро» гуфтааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и ин телевизиюн дар истинод ба сойти иттилоотии «Tojnews» хабари оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» пахш шуда ва ба дунболи ин ӯ ба бахши маҳаллии Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд эҳзор шудааст.

Ба гуфтаи оқои Дадобоев, баъдан ӯро ба додситонии вилоят эҳзор карда ва пас аз суҳбат фаъъолияти шабакаи «Ҷаҳоноро» дар ин замина қонунӣ унвон шудааст. Аммо пас аз чанд рӯз рӯшан шудааст, ки додситонии вилояти Суғд дар мавриди нақзи моддаи 373-и Қонуни идории Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдон, мегӯяд, тибқи ин модда расонаҳое, ки расман сабти ном нашудаанд, барои пахши хабар муҷозот хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» сабти ном шуда ва хабари оташсӯзӣ аз расонаи дигар дарёфт шудааст.

Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи хонуми Ҷӯраева, бар асоси моддаи 36-и Қонуни «Телевизиюн ва родию»-и Тоҷикистон, телевизиюн ё родию дар сурати истифода аз хабари манобеъи дигар мавриди пайгарди қонунӣ қарор намегиранд.

Бино ба иттилоъи ӯ, ба далели тафҳими иттиҳом нашудани фарди мазнун аз сӯйи додситонӣ додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаро баррасӣ накардааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи додситони вилояти Суғд хабари боз шудани парванда алайҳи корманди шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро»-ро таъйид карда ва гуфтаанд, ки ҳамакнун ин парванда бо таваҷҷуҳ ба назокатҳои ҳуқуқӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ироа шудааст.

Барои бори аввал нест, ки шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» дар таҳияи хабару гузоришҳо бо мушкилоту мавонеъи идории ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯбарӯ мешавад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ, масъулони ин телевизиюн аз рафтори ғайриқонунии кормандони бахши амниятии Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд дар қиболи хабарнигори ин шабака ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят бурда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти шабака, хабарнигори шабакаи телевизиюни «Ҷаҳоноро» бар асоси дархости мусофирон ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд омада ва барои рӯшан кардани иллати таъвиқи парвози ҳавопаймо талош кардааст. Аммо кормандони бахши амниятии фурудгоҳ ба рӯзноманигор барои дидор бо масъулони фурудгоҳ иҷоза надода ва ба зӯр ва алфози қабеҳ ӯро аз сохтмони фурудгоҳ берун кардаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121003_mm_court_jahonoro.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *