[b]Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» Саидэҳсони Солеҳ).-Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мубоҳисаи кушоди устодону донишҷўёни бахши журналистикаи факултаи филология бо аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон доир гардид.[/b]
Зиннатулло Исмоилов, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, мақсади асосии ин ҷаласа худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ мебошад. Аъзои шўро Иброҳим Усмонов ва Мухтор Боқизода ҷиҳати риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон изҳори назар карда, ба журналистони оянда дар мавриди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар навбати худ устодону донишҷўён андешаҳояшонро роҷеъ ба нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма баён намуда, ба суолҳои худ перомуни меъёрҳои касбиву ахлоқӣ посух гирифтанд.
Дар поёни ҷамъомад ба донишҷӯёну устодон адабиёт роҷеъ ба механизми худтанзимкунӣ, аз ҷумла шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон тақдим гардид.
Дар ин бора аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Источник: http://khovar.tj/society/24514-ba-zhurnalistoni-1207avon-ahlo1179i-kasb1251-meom1263zonand.html