Дархости созмонҳои рӯзноманигорӣ аз вазири кишвари Тоҷикистон

[b]Шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар номае ба вазири умури дохилии ин кишвар хостори таҳқиқи мунсифона ва шаффофи парвандаи сонеҳаи Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, шудаанд.[/b]

Дар ин нома, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 11 октябр мунташир шуд, аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон хоста мешавад, ки таҳқиқи ин парвандаро таҳти назорати худ бигиранд.

Ин нома аз сӯйи Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Зинатуллоҳ Исмоилов, раиси Шӯрои расонаҳо, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил ва Хуршед Ниёзов, раиси «Медия-алянси Тоҷикистон» имзо шудааст.

Дар ин нома омадааст: «Садамаи фоҷиъабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигори шинохта, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боъиси ташвишу нигаронии ҷомеъаи журнолистии ҷумҳурӣ гардидааст.»

Ҳодисаи тасодуми ду худрав, ки Искандари Фирӯз дар асари он ҷароҳоти сангин бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуд, шаби 9 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии Боғи ваҳши шаҳри Душанбе, рух дод. Вай то кунун дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон аст.

Дар замони ҳодиса Искандар ба ҳамроҳии писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз маркази Душанбе ба самти Қарияи боло ҳаракат мекарданд. Вале ба гуфтаи пайвандонашон, онҳо дар наздикии Боғи ваҳш як мошини «Ландкрузер»-ро дидаанд, ки аз масири худ мунҳариф шуда ва бо суръати зиёд ба муқобили онҳо ҳаракат дошт.

Ҷавоншер талош кардааст мошини худро канор бигирад, вале мошине, ки аз муқобил меомад, ба паҳлӯи рости мошини ӯ (ҷое, ки Искандар нишаста буд) бархӯрда ва сипас чанд метри дигар фосиларо дар масири муқобили ҳаракати худ рафта ва суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса Ҷавоншер, писари Искандари Фирӯз, низ осеб дида ва ду нафари дигар аз мошини «Ландкрузер» ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар номаи созмонҳои рӯзноманигорӣ аз қавли Шуҳратёр, хоҳарзодаи Искандар, омадааст, ки кормандони пулис шабҳангом ронандаи «Ландкрузер»-ро дар ин ҳодиса муқассир донистаанд, вале субҳи дигар назари худро тағйир додаанд.

Раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ибрози нигаронӣ аз ин амр менависанд: «Чунин рафти таҳқиқ воқиъан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифона будани таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.»

Дар идома онҳо аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон қотеъона дархост кардаанд, ки имкони расидагии шаффоф ва мунсифона ба ин ҳодисаро таъмин кунанд.

«Созмонҳои журнолистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муъайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоъидат намоед.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони пулиси роҳ ҳануз натоиҷи таҳқиқи ин ҳодисаро эълом накардаанд. Пештар Шерафган Латифов, сухангӯйи ин ниҳод, гуфта буд, ки сабаби аслии ин ҳодисаро танҳо озмоишҳои фаннӣ муъайян хоҳад кард.

Источник: HTTP://WWW.BBC.CO.UK/TAJIK/NEWS/2012/10/121011_EA_MEDIA_NGOS_ISKANDAR.SHTML

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *