Баёнияи Би-би-сӣ дар бораи пахши порозит рӯи бахшҳои хабарии Би-би-сӣ

[b]Би-би-сӣ дар баёнияе эълом кардааст, ки рӯи теъдоде аз шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии Би-би-сӣ барои мухотабони манотиқи Урупо ва Ховари Миёна порозитҳои (паразитҳои) амдӣ ва мутановиб (навбат ба навбат) ирсол шудааст.[/b]

Бар асоси баёния Волд Нюз, шабакаи хабарии байналмилалии Би-би-сӣ (World News), телевизиюни арабии Би-би-сӣ, ва сарвисҳои родиюии сарвиси ҷаҳонии Би-би-сӣ ба ду забони арабӣ ва англисӣ барои мухотабони манотиқи Урупо ва Ховари Миёна порозитҳои амдии мутановиберо таҷриба мекунанд.

Дар ин баёния омадааст муддате аст пахши барномаҳои теъдоде дигар аз шабакаҳои родиютелевизиюнӣ низ мухтал шудааст.

Ирсоли порозитҳо рӯи амвоҷи шабакаҳои форсизабони хориҷӣ монанди Би-би-сии форсӣ пеш аз ин мавриди интиқоди Би-би-сӣ ва маҷомеъи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифта буд, аммо ин бор ба назар мерасад ирсоли порозитҳо рӯи шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мухотабони забонҳои дигар ва дар бахшҳои дигаре аз ҷаҳонро низ шомил шудааст.

Би-би-сӣ дар баёнияе, ки имрӯз 18 октябр мунташир карда, навиштааст ирсоли паразитҳои амдӣ «нақзи фоҳиши қавонини байналмилалӣ дар заминаи истифода аз моҳвораҳо аст ва мо қаввиян ҳар гуна амалеро, ки ба манзури ихлол дар дастрасии озоди мухотабон ба ахбор ва иттилоъотро ба шиддат маҳкум мекунем.»

Пеш аз ин ниҳоди нозири родию ва телевизиюнҳои байналмилалии Омрико зимни маҳкум кардани ихтилол дар пахши барномаҳои родиюӣ ва телевизиюнии моҳвораии ирсолӣ ба Эрон онро таҳдиде алайҳи ҳуқуқи башар дониста ва гуфта буд, ки баъзе аз мавориди ирсоли паразит аз дохили хоки Сурия анҷом мешавад.

[b]Эрон ва паразит[/b]

Авосити моҳи ҷорӣ Фаронса ба паразит андохтани Эрон рӯи шабакаҳои моҳвораӣ, ки барномаҳои худро аз тариқи Ютелсет ва Ҳотберд пахш мекунанд, эътироз карда буд.

Ба гуфтаи ширкати фаронсавии Ютелсет, ки мудирияти моҳвораии Ютелсет ва Ҳотбердро бар уҳда дорад, Эрон аз чаҳоршанбеи 3 октябр рӯи шабакаҳои Би-би-сии форсӣ, Садои Омрико ва родиюи Фардо амдан ихтилол эҷод карда буд.

Собиқаи паразитандозӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз дастрасии эрониёни дохили кишвар ба барномаҳои моҳвораии байналмилалии форсизабон ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи эъломшудаи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ боз мегардад.

Ҳадаф аз паразитандозӣ бар шабакаҳои хабарии байналмилалӣ зоҳиран ҷилавгирӣ аз дастрасии эрониёни дохили кишвар ба ахбори марбут ба таҳаввулоти дохилӣ буд.

Эрон ҳиҷ гоҳ расман масъулияти паразитандозӣ рӯи шабакаҳои моҳавораиро напазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол Ютелсет аз рӯзи душанбеи 15 октябр пахши барномаҳои родиютелевизиюни Ҷумҳурии Исломии Эронро аз моҳвораи Ҳотберд қатъ кардааст. Ин ширкат далели ин иқдомро таҳримҳои тозаи Урупо алайҳи Эрон эълом кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121018_l16_bbc_jamming.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *