[b]Хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи мошине, ки боиси садама бо иштироки журналист Искандари Фирӯз шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, ба Беморхонаи «Қарияи Боло» ҳозир шудаанд.[/b]
Баъди қариб ду ҳафтаи садама, наздикони Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи «Тайота Ландкрузер», ки бинобар иттилои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, ки ба сабукрави журналисти маъруфи тоҷик Искандари Фирӯз бархӯрдааст, ба беморхона ҳозир шуда, ба онҳо гуфтаанд, агар кӯмаке аз ҷониби онҳо лозим бошад, омодаанд.
Бинобар иттилои наздикони Искандари Фирӯз, имрӯз, 22-юми октябр, як мард бо ду руҳонӣ ба беморхона омада, гуфтаанд, ки хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба саволи наздикони журналист, ки беш аз ду ҳафта хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода дар куҷо буданд, онҳо гуфтаанд, дар бораи ҳодиса нав дарак ёфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир, Бозрасии давлатии автомобилӣ Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи 22-соларо, ки 9-уми октябри соли ҷорӣ, баъди рух додани садама аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, дар рух додани садама айбдор кард. Бинобар иттилои манбаъ, нисбати ӯ тибқи моддаи 212, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Тавре Фахриддин Зокиров, вакили дифои Ҷавоншери Искандар, писари Искандари Фирӯз, ба TojNews гуфт, айни ҳол парвандаи мазкур аз Шуъбаи марказии Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шудааст. Ду адвокат ваколати ин парвандаро гирифта, айни ҳол ба таҳқиқи он машғуланд.
Садама бо иштироки журналист дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт рух дода, Искандари Фирӯз фавран ба Маркази ҷумҳуриявии тиббии «Қарияи Боло» интиқол дода шуда, то имрӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Табиби Искандари Фирӯз — Файзулло Доғиев гуфт, дар ҳолати журналист ҳафтаи ахир ягон тағйирот дида намешавад ва ниҳоят вазнин унвон мешавад.
Писари 20-солаи журналист баъди як ҳафтаи муолиҷа дар ин беморхона сиҳат шудааст.
Ҳамчунин, ду нафар аз мусофирони «Тайота Ландкрузер», ки онро Айёмиддин Раҳмиддинзода идора мекард, дар «Қарияи Боло» бистарӣ ва ҷарроҳӣ шудаанд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ мекунанд.
Источник: http://tojnews.org/node/4591