[b]Вазорати корҳои дохилӣ ба гумонбари садамаи нақлиётӣ бо иштироки журналисти маъруфи тоҷик Искандари Фирӯз, Насрулло Шарипов, тибқи моддаи 212, қисми ду айб эълон кард.[/b]
Дар ин бора Саидбек Фозилов, вакили дифои Ҷавоншери Искандари Фирӯз, писари журналист, ба TojNews иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, вакилони дифои журналист бо парванда шинос шуда, ҳаракати тафтишотӣ пурра хотима ёфтаанд.
— Муфаттиш парвандаро барои тасдиқи фикри айбдорӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол намуд.
Парванда мебоист рӯзи душанбе ба Прокуратураи генералӣ ирсол мешуд, аммо бо пайдо шудани ҳолатҳои нав, яъне мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтани ду шоҳид, ин кор ба таъхир афтод.
Қарор дар бораи эълон кардани айб тибқи талаботи 212, қисми 2 нисбати Шарипов Насрулло Раҳматович 21-уми ноябри соли равон қабул гардид,- гуфт адвокат.
Дар парванда гуфта мешавад, Шарипов Насрулло Раҳматович талаботи бандҳои 2.1.1, қисми 4, 9.2 ва 10.1-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Ҳамчунин, маълум шудааст, ки Шарипов Насрулло Раҳматович қаблан доғи судӣ дошта, айнан бо ҳамин иттиҳом иҷрои ҷазои ҷиноӣ кардааст. Ӯ тибқи моддаи 212, қисми 2 барои пахш кардани шаҳрванд Гулмуродов М. 16-уми сентябри соли 2008 суд шуда, ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 9-уми октябри соли равон бар асари як садамаи нақлиётӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт журналисти маъруф Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, ба Маркази тиббии «Қарияи Боло» интиқол дода шуда буд.
Баъди як моҳи беҳушӣ дар шуъбаи эҳёгарии “Қарияи Боло”, журналист ба Беморхонаи Ибни Синои пойтахт интиқол дода шуда, вазъи сиҳатаяш муътадил унвон мешавад.
Источник: HTTP://WWW.TOJNEWS.ORG/NODE/4965