«БЕГ ЗУҲУРОВ БА ОВОЗАҲО ТАКЯ КАРДААСТ»

[b]Давоми ду рӯз аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигорони русзабон гуфтааст, ки дар охир мо қарори маҳдуд кардани дастрасӣ ба Фейсбукро қабул кардем. Бег Зуҳуров ишора кардааст, ки ин иқдомро бо намояндагони ҷомеа роҳандозӣ кардааст, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо кадом намояндагони кадом ҷомеа.[/b]

Ҳамзамон, таъкид кардааст, ки дар давоми ду соати баста шудани Фейсбук 100 нафар ба ман занг заданд ва изҳори хурсандӣ карданд, аз байни онҳо 10 нафар ин иқдомро манфӣ қабул карданд.

Ҳамзамон, ин икдоми раиси Хадамоти алоқа боиси пайдо шудани вокунишҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст. Носирҷон Маъмурзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, норӯшан аст, ки Бег Зуҳуров аз хабарнигорон пурсидааст: «Оё масъулони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба давлат андоз месупоранд?! Роҳбаронаш биёянд ва бигӯянд, ки кӣ ҳастанду ҳадафашон чист?» Савол, мисле ки риторикӣ ва дур аз мантиқ менамояд.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатам, дастрасӣ ба иттилоъ ва баёни озодонаи андешаро Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ барои ҳар шаҳрванд кафолат додааст. Ин ба он маъност, ки як ниҳоди давлатӣ ҳаққи бастани ин ё он сомонаро надорад. Танҳо суд метавонад мавзӯи маҳдудсозии дастрасӣ ба Фейсбукро, ки яке дигар аз сарчашмаҳои иттилоъ ва мубодилаи афкор мебошад, ба баррасӣ гирад.

Агар 100 ҷавон аз масдудсозии дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ истиқбол кардаанд, шумораи онҳое, ки ин амр боиси нороҳатиашон шудааст, то чанд маротиб бештар аст. Бояд мақомот омодаи қабули ҳар падидаи нав дар ҷомеа (дар мисоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби ҷавонон ба он) ва контроли авзоъ бошанд. Аммо «контрол» — идора кардани сомонаҳо барои мардум, хусусан, ҷавонон набояд бошад.

Вай меафзояд, ин роҳи ҷилавгирӣ аз он «буҳрон»-е нест, ки баъзе мақомот сар задани онро дар ҷомеаи ҷавонон «бофта» ва «пешгӯӣ» мекунанд. Аз ҷониби дигар, табиати инсон ҳамин аст, ки ҳамеша роҳҳои расидан ба озодии амалу интихоб ва муқовимат ба маҳдудиятҳои нолозиму ғайриқонуниро меҷӯяд.

Рустами Маҷид, яке аз фаъолони Фейсбук, бар ин назар аст, ки Бег Зуҳуров дар ҳоле иқдомҳои маҳдуд карданро мегирад, ки хилофи муқаррароти қонунӣ аст . Дар қонун мушаххасан гуфта шудааст, ки кадом сайтҳо бояд баста шаванд. Аммо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо бо он фарқ доранд, ки муҳтавои ягона надоранд ва танҳо майдоне барои ибрози фикранд. Ҳар чӣ корбарон дар он мекоранд, масъулияти худашон аст, на соҳиби шабака.

Дар мавриди омилҳои баста шудани Фейсбук Рустами Маҷид меафзояд, ки агар шабака ба хотири 2-3 акс ё интиқоди ҳукумат баста шуда бошад, дастрасиро ба чандин маводи ҷониби ҳукумат ва садҳо ҳазорон маводи омӯзишӣ ва фоиданок низ масдуд кардааст. Муҳимтар аз ҳама, қонунҳо вайрон мешаванд, аввалан, озодии сухан, радди ҳокимияти судӣ ва худсарона рафтор кардани роҳбари хадамот, нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, ба муошират дониста мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки Бег Зуҳуров ба овозаҳо такя кардааст ва ин бозгӯйи он аст, ки вай ба ҳайси роҳбар ба хатои зиёд роҳ медиҳад, чунки на ба асосу далел, балки ба суханони беасос такя намуда, кор мекунад.

Асомуддин Атоев, роҳбари Ассотсиатсияи интернетправайдерони Тоҷикистон дар бораи теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфт, ки «истифодабарандагони ин шабакаро дар Тоҷикистон 41 ҳазору 800 нафар ташкил медиҳад».

Ба иттилои манбаъ, фаъолони Фейсбук дар Тоҷикистонро асосан ҷавононе ташкил медиҳанд, ки синни онҳо аз 25 то 34 солро ташкил медиҳад. Дар зинаи дувум синни 18 то 24-сола буда, 70% корбарони онро мардон ва ҳамагӣ 30 дар сади истифодабарандагони Фейсбукро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ маротибаи дувум аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Маротибаи аввал аз 2 то 9 март ин иқдом сурат гирифта буд. Дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ низ дастарсӣ ба Фейсбук ҳам муддати чанд соат маҳдуд шуда буд.

Фейсбук яке аз саҳифаҳои фаъоли шабакаи иҷтимоист, ки баҳсҳои мухталиф ва аз ҷумла, сиёсиеро ба миён мегузорад.

Коршиносон мегӯянд, ки далели маҳдуд шудани ин саҳифа маҳз ба минбари баҳсҳои бозу возеҳ табдил шудани он аст.

Источник: http://www.tojnews.org/node/5007

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *