[b]Рӯзи дуюм аст, ки шабакаи маъруфи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста аст.[/b]
Сешанбеи 27 ноябр аз маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон ду рӯз гузашт. Ҳазорҳо онҳое, ки ба истифодаи ин шабакаи иҷтимоӣ одат доштанд, натавонистанд вориди Facebook шаванд. Танҳо гурӯҳи хурди корбарон бо истифода аз роҳҳои дигар вориди шабака шуда, норизоияти худро аз тасмими мақомот баён карданд. Тавре Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “бештари муштариёни провайдерҳои вафодор тавассути Proxy вориди Facebook мешаванд”. Вай гуфт, ки тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи сешанбе ин шабака танҳо тавассути шабакаи интернетии ширкати Билайн дастрас будааст.
Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки аз Хадамоти алоқа тавассути «смс» ё паёмак тақозо кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook баста шавад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Facebook-ро “корҳои профилактикӣ” хонд. Айни замон ӯ гуфт, ки хоҳиши сӯҳбат бо масъулини ин шабакаро дорад.
«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Facebook соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо — аз Амрико, Олмон ва ғайра — занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Facebook ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд», — гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.
Оқои Зуҳуров дар ин сӯҳбаташ иддао кард, ки Facebook ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар “корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака” барпо шавад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Facebook муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.
Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе дастрасии журналистон ба мақомоти Хадамоти алоқа низ маҳдуд буд, корбарони шабакаи Facebook нороҳатии худро аз амри басташавии ин сайт бо роҳҳои мухталиф баён мекарданд. Бархе дар шарҳҳои худ аз тасмими мақомот интиқод мекарданд, дигарҳо байни худ карикатураҳои тақлидкунандаи ин тасмимро тақсим мекарданд. Барои бисёриҳо даъвати Б.Зуҳуров барои мулоқот бо муассиси шабакаи Facebook Марк Тсукерберг мавриди таваҷҷӯҳ будааст.
Дар Тоҷикистон ҳудудан 50 ҳазор нафар аз шабакаи Facebook истифода мекунанд. Ин сайти интернетӣ дар баробари як василаи муоширату сӯҳбатҳои хусусии байни корбарон, ба маҳалли баҳсҳои ҷиддии масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархе корбарон ба интиқоди ошкорои шахсиятҳои шинохташудаи ҷумҳурӣ мепардозанд ва ин чиз боиси он шудааст, ки дар гузашта низ мақомоти кишвар дастрасиро ба ин ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин расонаҳои ошкоргӯи интернетӣ маҳдуд кардаанд.
Источник: http://www.ozodi.org/content/second-day-facebook-blocked-tajikistan-/24782769.html