[b]Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиде дар бораи матбӯъот ва расонаҳо дар ин кишварро ба тасвиб расонд.[/b]
Ин тарҳ, ки «Қонуни матбӯъоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» унвон дорад, аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшоҳ Фелалиев, аъзои Маҷлиси Намояндагон, таҳия ва дар моҳи марти соли 2010 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шуда буд.
Тайи ду соли гузашта ин тарҳ дар маҳофили мухталифе бо ширкати рӯзноманигорон, масъулони расонаҳо ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва озодии баён, намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 18 маротиба баррасӣ шудааст.
Қонуни феълии Тоҷикистон, ки фаъъолияти рӯзноманигорон, матбӯъот ва расонаҳоро танзим мекунад, дар моҳи декабри соли 1990, дар замони Шӯравӣ, ба тасвиб расида ва тайи 20 соли ахир 5 маротиба ислоҳ шудааст.
Ба гуфтаи соҳибназарон, тарҳи қонуни ҷадид низ бар мабнои қонуни мусавваб дар замони Шӯравӣ таҳия шудааст. Масалан бархе аз моддаҳои қонуни қаблӣ аз тарҳи нав хориҷ ва муқаддима ва моддаҳои тозае ба он афзуда шудаанд. Бархе аз бандҳои қонуни пешин низ таҳрир шудаанд.
Қаблан иддае аз рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоъот ибҳомоте ба мушоҳида мерасад.
Қаблан расонаҳо ва нашриётро вазоратҳои адлия ва фарҳанг сабт мекарданд. Ҳамакнун, тибқи қонуни ҷадид, расонаҳо ва нашрияҳо ба унвони «шахси ҳуқуқӣ» дар равзанаи воҳид барои сабти созмонҳо ва иттиҳодияву ширкатҳо дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабт мешаванд.
Бар асоси тарҳи ҷадид, ҳамчунин ниҳодҳои расмӣ ба дархост ва номаҳои рӯзноманигорон бояд дар муҳлати се рӯз посух бидиҳанд. Қаблан ин муҳлат 30 рӯз буд ва бисёре аз хабарнигорон аз он интиқод мекарданд, ки мақомот барои додани иттилоъи расмӣ фурсати зиёдеро ба ҳадар медиҳанд.
Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки дар ин лоиҳа мақоми ҳуқуқии сойтҳои интернетӣ ба унвони расонаи хабарӣ мушаххас нашудааст, ҳарчанд сойтҳои зиёде ҳастанд, ки гузоришу хабар таҳия мекунанд ва таҳиякунандагони онҳо рӯзноманигор маҳсуб мешаванд.
Дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои ҷудогонаи қонуни матбӯъотро таҳия карда буданд, ки давлат аз онҳо ҳимоят накард.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/12/121212_ea_mm_press_law_adoption.shtml