АМВАОМТ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад маблағгузорӣ мегардад, озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни даври омӯзишии “Дастрасӣ ба иттиллот” эълон менамояд.
МАҚСАД:
Баланд бардоштани малакаи эҷодии рӯзноманигорони ҷавон дар фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва паст намудани худсензура дар раванди фаъолияти касбӣ.
ВАЗИФАҲО:
- Инъикоси пайомадҳои COVID-19:
- Таъсири бемории COVID-19 ба иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо;
- Ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемия ва баъд аз он;
- Амнияти иҷтимоии аҳолӣ дар замони пандемия;
- Мубориза бо хабарҳои бардурӯғ.
ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁН:
- Муҳлати ниҳоии пешниҳоди лоиҳаҳо аз ҷониби довталабон 5 майи соли равон аст;
- Маблағи лоиҳаҳои пешниҳодшаванда набояд беш аз 10 000 сомонӣ бо назардошти андоз ва пардохтҳо бошад;
- Пешниҳоди саривақтии ҳисобот дар муҳлатҳои пешбинишуда дар лоиҳа;
- Нашри мавод дар расонаҳои расмӣ (давлатӣ, ғайридавлатӣ);
- Довталабон бояд давраҳои омӯзиши онлайнии “Дастрасӣ ба иттилоот” http://taj.nansmit.tj/darxosti-salo%d2%b3iyatnoki-ittiloot-boisi-be%d2%b3budi-sifati-r%d3%afznomanigor%d3%a3-meshavad/?fbclid=IwAR2QfeLy8b6vxhYvAOVOWePD37j-huhBcwDrVcAVDzRvT0PmpjLzsoL2V8o ва “Фактчекинг”-ро https://thomsonfoundation.edcastcloud.com/courses/7043/learn?fbclid=IwAR0vN13qFYV6mHfFTu2JaX3jFMQSmjSrn6YywUKvA01WLuykysXf-Bje0Ts хатм карда бошанд.
- Баъд аз иштирок дар тренинги омӯзишӣ маводи худро дар расонаҳо нашр карда бошанд.