Озмуни грантҳои хурд

АМВАОМТ дар доираи лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва рушди ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни даври омӯзишии “Журналистика ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: фаъолияти якҷоя барои аҳолии маҳаллӣ” эълон менамояд.

МАҚСАД:

Рушди ҳамкорӣ байни ВАО (журналистон) ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

ВАЗИФАҲО:

  • Инъикоси мавзуъҳои иҷтимоӣ ва мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеа;
  • Таҳкими ҳамкорӣ байни журналистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
  • Истеҳсоли маводҳо (силсиламаводҳо) дар мавзуъҳои иҷтимоӣ.

ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁН:

  • Маблағи лоиҳаҳои пешниҳодшаванда набояд беш аз 2500 (ду ҳазору панҷсад) евро мутобиқ ба курси Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори миллӣ;
  • Пешниҳоди саривақтии ҳисобот дар муҳлатҳои пешбинишуда дар лоиҳа;
  • Фаъолияти якҷояи журналист (ВАО) ва ташкилоти ҷамъиятӣ;
  • Иҷрои саривақтии чорабиниҳо;
  • Нашри мавод дар расонаҳои расмӣ (давлатӣ, ғайридавлатӣ).

Довталабон метавонанд дархости худро дар шакли электронӣ ба суроғаи amvaomt@gmail.com ва ё office@nansmit.tj фиристанд.

АМВАОМТ лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва рушди ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии ғайритиҷоратии Томсон Медиа (шарики байналмилалӣ) ва муассисаи ғайридавлатии «Маркази ҳимояи ҳуқуқӣ – Адвокати ту» (шарики маҳаллӣ) амалӣ менамояд.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: +992 504 3013, +992 37 2248823

БАХШИ МОНИТОРИНГИИ АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *