АМВАОМТ (НАНСМИТ) дар ҳамкорӣ бо Бунёди Томсон дар доираи лоиҳаи «Нигоҳ доштани тавозун: баланд бардоштани субот ва аҳамияти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» барои журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ тренинги омӯзишӣ баргузор менамояд.
Мақсади гузаронидани тренинги омӯзишӣ:
— Фароҳам овардани имконият ба иштирокчиён барои мутобиқсозии журналистикаи худ ба аудиторияи маҳаллӣ;
— ҳавасманд кардани рӯзноманигорон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ / фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳамкорӣ барои эҷоди маводи мувофиқ ва касбии ВАО;
— баланд бардоштани огоҳии иштирокчиён дар бораи малакаҳои асосии журналистикаи касбии мутавозин ва фарогир.
Санаи баргузории тренинг:
21-23 декабри соли 2020- Душанбе;
4-6 январи соли 2021- Хуҷанд
Пурсишномаи онлайниро барои иштирок дар тренинг метавонед дар ин ҷо пур кунед:
— Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.