Озмун: коршиноси масоили ахлоқ ва худтанзимкунии расонаҳо

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои ҷалби коршиноси берунӣ дар масоили ахлоқӣ ва худтанзимкунӣ дар расонаҳо озмун эълон мекунад. Вазифаҳои асосии коршинос – ёрӣ расонидан ба созмон дар коркарди кодекси нави ахлоқи журналистӣ,  ислоҳоти механизмҳои худтанзимкунӣ ва роҳандозии таҷрибаи нави шикоят аз расонаҳо ва кори рӯзноманигорон.

Талабот:

таҷрибаи кори лозим на камтар аз 5 сол;

омодагӣ барои ёрӣ расонидан ба созмон дар иҷроӣ шудани тарҳ аз роҳи машварат, омӯзиши кормандон, баргузории баррасиҳои онлайнӣ, вебинарҳо, машварат дар бахши тарҳҳои санадҳо ва ғайра;

огоҳӣ аз вазъи ҷомеаи расонаии Тоҷикистон.

Барои иштирок дар озмун  довталаб бояд ин санадҳоро пешниҳод кунад:

– шарҳи ҳол (резюме)  ва мактуби шарҳу тавсифи таҷрибаи кор дар масоили мавриди назар;

– мактуби тавсиявӣ.

Санадҳо то  соати 23.59-и 25 июли соли 2020 пазируфта мешаванд. Санадҳоро ба ин нишонӣ бифристед:

тамос +992 93 575 99 33 shuroivao@gmail.com tj.info@internews.org

http://mediacouncil.tj/2020/07/15/ozmun-korshinosi-masoili-ahloq-va-hudtanzimkunii-rasonaho/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *