Феҳристи шахсони ба терроризм дастдошта дар Тоҷикистон нав шуд

Шумори шаҳрвандони ба рӯйхат афтода тайи соли охир қариб ду баробар зиёд шуд.

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба Руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид кард.

Дар маълумот доир ба маҳз кадом тағийрот ворид шудан ба ин рӯйхат сухан намеравад.

Лекин теъдоди шахсони воқеӣ, ки ба иртибот бо террористон ва ифротгароён гумонбар дониста мешаванд, тӯли соли охир қариб ду баробар зиёд шуд: то аввали моҳи май дар феҳрист 1356 нафар ва айни замон — 2647 нафар зикр шудаанд.

Қаблан моҳи апрели соли гузашта ин рӯйхатро ба ду номгӯй тақсим карда буданд:

1. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо терроризм алоқадошта зикр шудаанд”.

2. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо ифротгароён (экстремистҳо) алоқадошта зикр шудаанд”.

Акнун рӯйхати дуюм вуҷуд надорад, танҳо аввалааш боқӣ монд.

Феҳристи миллӣ ҳамчунин номгӯйи созмонҳои террористӣ ва ифротгарои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшударо дар бар гирифта, ба он 15 созмону ташкилот шомиланд:

«Ал-Қоида», «Ихвон ул-Муслимин (Бародарони мусалмон)», «Лашкари-Тайиба», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Исломӣ», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Даъват ба ислом», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24».

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20200528/feristi-shahsoni-ba-terrorizm-dastdoshta-dar-toikiston-nav-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ещё один сайт на WordPress